ХОНАНДАГОНИ 194 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ МЕОМӮЗАНД

19-02-2020
19-уми феврали соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедер доир гардид. Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса аз 4 августи соли 2003 ба роҳ монда шудааст. 
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент донишҷӯён дар ихтисосҳои «Забони фаронсавӣ» таҳсил намуда, дар дигар донишгоҳҳо омӯзиши забони фаронсавӣ ба таври факултативӣ ҳамчун забони хориҷии дуюм ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар 194 муассисаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ забони фаронсавӣ ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонида мешавад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо қайд карданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самти ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорон, доир намудани таҷрибаомӯзиҳо барои донишҷӯёну муҳаққиқон, омӯзиши забонҳои тоҷикию фаронсавӣ дар ҳарду кишвар тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда мешавад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм