ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК 87  МЕДАЛИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “IMCh-2020”-РО БА ДАСТ ОВАРДАНД

02-11-2020
   Рӯзҳои 8-9-уми октябри соли равон дар кишвари Тайланд Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (IMCh-2020) аз рӯйи 4 бахш (синфи 4-5, 6-7, 8-9 ва 10-11) тариқи фосилавӣ баргузор гардид. 
  Дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 1500 нафар хонанда аз 22 кишвари дунё, аз ҷумла ИМА, Англия, Қазоқистон, Ветнам, Туркия, Молдовия, Руминия, Нигерия, Монголия, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Индонезия, Гурҷистон, Миср, Канада, Бангладеш ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ карда, сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ (36 медали тилло, 31 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ ) гардиданд.
   Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз шумораи умумии медалҳо хонандагон аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон 17 медали тилло ва 18 медали нуқра, Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ, Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат 1 медали тилло, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Шуғнон 1 медали нуқраро ба даст оварданд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон