ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР 28-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКИИ НАВРАСОНИ БАЛКАН «JBMO-2024» 6 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД

30-06-2024
6 нафар хонандагони синфҳои 7-9-и мамлакат дар 28-умин Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Олимпиадаи мазкур аз 25 то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ намуд. Хушбахтона, ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар ин сабқати илмии байналмилалӣ шарафи ҷумҳуриро баланд бардошта, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ гарданд.
Ин дастовард шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Дар Олимпиада, аз ҷумла, аз Фаронса, Туркия, Хорватия, Сербия, Албания, Руминия, Македония, Югославия, Босния ва Герсоговина, Черногория, Молдавия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Филиппин, Кипр ва ғ. дар ҳайати як дастаи иборат аз 6 нафар хонандагони синфҳои 7-9 (то 15-сола) иштирок намуданд.