Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ мақоми аввал гирифтанд

06-06-2018
22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» — и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 июни соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Олимпиадаи мазкур байни 4 давлат — Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин мамлакатҳо  доир гардида, тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо, ки аз 6 то 15-солаанд, ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд Ғайрат Усмонов дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба унвони «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.
АМИТ Ховар