ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ ФИЗИКА (IdPhO) СОҲИБИ 3 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ГАРДИДАНД

16-12-2020
 
   7-15-уми декабри соли 2020 тариқи фосилавӣ Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика (IdPhO) баргузор гардид, ки дар он аз 38 кишвари дунё зиёда аз 190 нафар хонанда иштирок намуданд. 
   Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуда, соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ – Пиров Далер-хонандаи синфи 11 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2-юм, Камолиддинзода Маҳмадхуҷа-хонандаи синфи 10 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3-юм, Абдулҳамидов Абдураҳмон-хонандаи синфи 10 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3-юм, Шамсиев Яҳё-хонандаи синфи 11 литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе ва Юсупов Абдуллоҷон - хонандаи синфи 11 литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ифтихорнома гардиданд.