Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «JBMO-2024» дар Туркия сазовори 6 ҷои ифтихорӣ гардиданд

02-07-2024
Аз 25 то 30 июн дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» баргузор шуд, ки дар он хонандагони Тоҷикистон сазовори 6 ҷои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар олимпиада хонандагони зиёда аз 20 давлат, аз ҷумла Фаронса, Туркия, Хорватия, Сербия, Албания, Руминия, Македония, Югославия, Босния ва Герсоговина, Черногория, Молдавия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Филиппин ва Кипр иштирок намуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 6 нафар хонандаи тоҷик муаррифӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки дастоварди мазкур шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ - риёзӣ бо давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимони мамлакат ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд.
Бояд гуфт, ки пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба масъулин таъкид доштанд, ки «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».