ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР 65-УМИН ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКА «IMO-2024» САЗОВОРИ 2 МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГАРДИДАНД

20-07-2024
Рӯзҳои 11 ва 22 июли соли равон дар шаҳри Бати Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «IMO-2024» (International Mathematical Olympiad) баргузор гардид.
Дар он довталабон аз 110 давлати дунё иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ намуда, сазовори 2 медали биринҷӣ ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз иштироки даста дар панҷ олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» даврҳои интихобӣ барои иштирок ва муаррифӣ гузаронида шуд.
Даврҳои интихобии Олимпиадаи ҷаҳонии «IMO-2024» моҳи май баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 46 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиён 6 нафар хонанда барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифтанд.