Хонандаи тоҷик Ҷонона Азиззода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба «Таэквон-до ИТФ» соҳиби ду медал гардид

18-12-2023
ДУШАНБЕ, 18.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 5-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷонона Азиззода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар ду бахш ғолиб омада, ду медали нуқра ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Мусобиқа дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус байни варзишгарони 47 давлати дунё бо иштироки 468 варзишгар баргузор гардид.
Хонандаи тоҷик дар байни довталабони 10-11-сола иштирок намуда, аз усули «техника» сазовори ҷойи 2-юм ва аз усули «спаринг» низ сазовори мақоми 2-юм гардид.