ХУРОСОН: БАИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №22 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

07-09-2022
7-уми сентябри соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар деҳаи 20-солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро мавриди истифода қарор дод. 
Дар маросими ифтитоҳӣ, инчунин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №22 барои 240 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи 20-солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ба анҷом расонида шудааст. 
Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ бо 5 маҷмуи компютер, хонаи омӯзгорон ва китобхона мебошад.