ХУШХАБАР. ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ИНФОРМАТИКА ДАР ШАҲРИ АШҚОБОД МИЁНИ 350 НАФАР ИШТИРОКЧӢ АЗ 70 МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

20-04-2024
Аз санаи 15 то 20 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ба номи Ягшигелди Какаеви шаҳри Ашқобод Олимпиадаи дуюми байналмилалӣ оид ба информатика баргузор гардид. 
Дар олимпиадаи мазкур 350 нафар иштирокчӣ аз 70 муассисаҳои таълимии кишварҳои Ҷумҳурии Федералии Олмон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Туркия, Эрон, Қатар, Умон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Арманистон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро дар олимпиадаи мазкур 5 нафар донишҷӯи донишгоҳ ва Қосимов Абдунабӣ - роҳбари гурӯҳ намояндагӣ намуданд. Олимпиада тибқи талаботи баргузории он дар якчанд зина давоми 4 рӯз идома намуда, донишҷуёни Донишгоҳи техникӣ дар ҳар давр аз фаъолии худ дарак доданд.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати устодон дар раванди таълиму тарбия ва омодасозии донишҷӯён, инчунин шароити хуби таҳсил дар донишгоҳ буд, ки аз 5 нафар донишҷӯёни иштирокчӣ аз Донишгоҳи техникӣ 4 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд: 
1. Файзуллоев Сиёвуш Эмомалиевич - ҷойи дуюм,
2. Фозилов Фирдавсҷон Файзулоҷонович - ҷойм дуюм,
3. Сафаров Дилбоз Аҳтамҷонович- ҷойи дуюм,
4. Афроимов Бинёмин Ҷамшедович - ҷойи сеюм,
5. Раҳимов Ҷамшед Зокирҷонович - сертификат барои иштироки фаъол.
Дастоварди донишҷӯён барои таҳкими ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти табодули академӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, омода намудани мутахассисони баландихтисоси самти IT ва дигар тарҳҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.