ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ВА ТАКМИЛИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

07-06-2023
6-уми июни соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар мавзуи «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, муаллифони китобҳои дарсӣ ва аъзои гурӯҳҳои экспертизаи касбӣ ва экспертизаи ҷамъиятии адабиёти таълимӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ба роҳ монда шуд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни оғоз бахшида, ба муаллифон, муқарризон, ташхисгарон (экспертҳо) ва муҳаррирон барои таълифу таҳия ва арзёбии китобҳои дарсӣ ва ба ин васила саҳм гузоштанашон дар рушди неруи маънивии насли ояндаи кишвар изҳори сипос намуд.
Зикр карда шуд, ки дар ҳошияидастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бознигарӣ шудани мазмуну муҳтавои адабиёти таълимӣ, аз он ҷумла дар заминаи руҳияи миллӣ таълиф кардани китобҳои дарсӣ масъалаи меҳварии соҳаи маориф дар чанд соли охир ба ҳисоб меравад.
Дар идома президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён низ роҷеъ ба «Мушкилоти мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва раванди ташхису тақризи онҳо» суханронӣ карда, таълифи китобҳои дарсӣ ва омода кардани омӯзгоронеро, ки идеали асосӣ барои хонанда маҳсуб мешаванд, вазифаи муқаддаси соҳаи маорифи мамлакат номид.
Дар идомаи кори ҷаласа муаллифону муқарризони китобҳои дарсӣ – А. Байзоев, С. Бандаев, М. Раҳимзода, С. Маҳдӣ, Ф. Истамов, С. Аъзамзод, омӯзгори литсейи №55 ш. Душанбе А. Назаров дар муҳокима ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрам, яъне мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро манзур карданд.
Дар охир Ҷамшед Ҷӯразода таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи машваратии мазкур ислоҳи камбудиҳо ва дар рӯҳияи худшиносию тафаккур ва идеологияи миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.


Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон