ИДОМАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БАДАХШОН - НИГИНИ ТОҶИКИСТОН»

17-06-2023
Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар доираи идомаи аксияи ҷумҳуриявии «Бадахшон - нигини Тоҷикистон» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дарсҳои намунавӣ дар мавзуи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ» барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор шуд. Дар дарсҳо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода, мудири маорифи ноҳияи Ванҷ Саодатқадам Давлатқадамов ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар аксияи мазкур 76 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ванҷ иштирок карда, аз раванди баргузории дарсҳои намунавӣ ва муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ бо мутахассисон суҳбати озод ташкил намуданд. Дар ҷамъбаст ба намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ як миқдор китобҳои бадеӣ дар шакли фитта (электронӣ ва аудиоӣ) тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки муносибати босалоҳияти таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тақозои замон буда, дар ин росто Вазорати маориф ва илм баргузории чунин аксияҳоро амри зарурӣ медонад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон