ИДОМАИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ "ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН”

26-04-2024
Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и шаҳри Душанбе идомаи семинари серӯзаи омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид. 
Сараввал устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҷидова Бибиҳафиза доир ба “Таҳлили педагогию психологии машғулият - омили рушди касбии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ” баромад намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рушди касбияти мудирону кормандони муассисаҳои томактабӣ ҷалб кард ва иброз дошт, ки касбияти баланд ва соҳибихтисос будани мураббияҳо ва мудирони муассисаҳои томактабӣ барои рушду инкишофи неруи зеҳнии кӯдакон саҳми босазо мегузорад.
Сипас, ноиби президени Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Холовна оид ба “Роҳҳои тарбияи таҳаммулпазирӣ дар муассисаҳои томактабӣ” суханронӣ намуда, зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, дар замири кӯдакон коштани тухми худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба калонсолон, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба ҳодисаҳои олами атроф мебошад.
Дар идома, баромадҳои масъулони муассисаҳои томактабӣ шунида шуд.
Дар рафти баргузории семинар доир ба мавзуъҳои матраҳшуда миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифта, ҳамзамон аз ҷониби мушовирони маҳаллӣ ва иштирокчиёни семинар бозиҳои шавқовари ахлоқӣ ва тарбиявӣ сурат гирифт. Қайд гардид, ки дар таълиму тарбияи томактабӣ яке аз усулҳои хубу самаровар ташкили ҳар гуна бозиҳои ҷолиб мебошад.
Гуфта шуд, ки фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани таълиму тарбияи томактабӣ, баланд бардоштани касбияти мудирон ва кормандони муассисаҳои мазкур, тарбияи таҳаммулпазирӣ дар замири кӯдакон ва ташкилу роҳандозии бозиҳои ахлоқиву тарбиявӣ дар кӯдакистонҳо барои амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур се рӯз идома намуда, ҷамъбасти он 27.04.2024 дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон