ИФРОТГАРОӢ ТАҲДИД БА АМНИЯТ АСТ

10-07-2020
   Дар ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб то андозае фарогир шудааст, ки ташвишу нигаронии кулли оламиён ва давлатҳоро ба вуҷуд овардааст. 
   Зикр бояд кард, ки аксар ин зуҳурот зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амалӣ мешаванд. Таҳлили таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар аксар ҳолат барои ба даст овардани ҳокимият истифода мешавад. Шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро мушкили на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонист. Таҳлилҳо собит мекунанд, омилҳое, ки ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомил шуда, баъдан дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкат меварзанд, ин дар муҳити носолимии оилавӣ тарбия гирифтан, аз ҷониби волидайн фароҳам наовардани шароитҳои моддӣ ва маънавӣ, дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбият наёфтани онҳо, наандешидани чораҳои муассири муқовимати иттилоотӣ, таблиғу ташвиқи ақидаҳои бегона, тамошои филмҳои характери террористию- экстремистидошта, густариши ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар ҳолатҳо мебошанд. Маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллии ҷавонон сабаби ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мегардад. 
   Тарбияи фарҳангии мардуми кишвари мо аз ду тамаддун – тамаддуни ориёӣ ва исломӣ сарчашма мегирад. Дар он адовату тундгароӣ ва ифротгароӣ ҷой надорад. Қувваҳои берунаи манфиатҷӯй ба эҳсоси эътиқоди халқ дахл карда, бо ҳуққабозиҳои сиёсӣ ҳар гуна ҷараёну равияҳои гӯё мазмуни динидошта, вале аслан, ифротиро дар ҷомеаи мо густариш доданӣ шуда, мехоҳанд вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноором намоянд.
   Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани чунин зуҳуроти номатлуб – ин сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқию худшиносӣ, тарбияи нодурусти падару модарон, хусусан, ҷавонон буда, боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мегардад. Сабаби дигари ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин шабакаи интернет мебошад, ки ҷавонон, аз он, мутаассифона, нодуруст, ғаразнок ё дар зери таъсири ашхос ё гурӯҳи бегона истифода мебаранд. Дар чунин вазъият ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат, хусусан, падару модарон ба тарбияи фарзандони худ бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
   Яке аз омилҳои асосие, ки ҷомеаро аз тахрибу таназзули маънавӣ ва афзоиши тундгароӣ боз медорад, ин маорифу илм аст. Маориф дар эҷодкорона ифода кардани ақидаҳои ватандӯстона мусоидат менамояд ва принсипҳои башардӯстӣ ва таҳаммулпазириро талқин месозад. Мактаби таҳсилоти умумӣ муҳитест, ки дар он донишҷӯйи оянда тарбия меёбад. Аз ин рӯ, шуури донишҷӯй дар он ҷо, вобаста аз сатҳу мундариҷа ва хусусияти таълиму тарбия ташаккул меёбад. Танҳо дар сурати дониш ва малакаи зеҳнии қавӣ доштан ягон ифротгароӣ миёни мо роҳ ёфта наметавонад.
   Ба мо, омӯзгорон, зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ дода, фарҳанги динию миллиро тарғибу талқин намоем, ба ҷомеа, хусусан, ба ҷавонон фаҳмонем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона думболи гурӯҳҳои ифротгаро нараванд. Тарғиб намоем, ки бо дарки масъулиятшиносӣ истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо таҳсили сазовор, меҳнати самимӣ дар ҳама соҳаҳо муҳофизат намоем. 
Ф. РАҲМОНОВА,
омӯзгори мактаби №100,
шаҳри Душанбе