Ифтитоҳи аввалин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша

30-04-2019
30-юми апрели соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Лаҳистон (Полша) ва Агентии мубодилаи академикии Ҷумҳурии Лаҳистон (NAWA) баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳ Петр Ивашкевич – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Сайфиддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Лаҳистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагону валидон ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳи мазкур 16 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Полша иштирок намуда, дастовард ва имконоту шароити таҳсилро дар муассисаҳо муаррифӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Петр Ивашкевич – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ин аввалин намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Минбаъд кушиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин намоишгоҳҳо зиёд шаванд то хонандагони тоҷик бештар дар Ҷумҳурии Полша таҳсили илм намоянд ва касбу кори муосирро омӯзанд. 
Сипас, Давлатзода Сайфиддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки дар доираи намоишгоҳи мазкур муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Полша метавонанд бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Инчунин, аз довталабон даъват ба амал оварда шуд, ки аз фурсат ва имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.
Бояд қайд кард, ки намоишгоҳи мазкур 3 рӯз идома хоҳад кард ва довталабон метавонанд ширкат намуда, барои идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Лаҳистон ихтисоси мувофиқро интихоб намоянд.
Аҳмадшоҳи Масъуд