Ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара

01-09-2023
1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.
Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС Иншоот” буда, лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардидааст.
Донишгоҳ аз таҳхона ва 4 бинои ба ҳам пайваст иборат буда, қисми марказӣ аз 9 ошёна, ду бинои паҳлуӣ аз 7 ва қисми сеюм аз 3 ошёна иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо омӯзгорону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир намуда, ба истифода супоридани бинои хуштарҳи муосирро ба онҳо таҳният гуфтанд. 
Таъкид гардид, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Дар қисми маъмурӣ раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо  толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.
Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 6-уми бино кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ, ҷомеашиносӣ, химия, биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, фармакология, микробиология, беҳдошт ва вогиршиносӣ мавҷуд мебошад.
Бинои асосии донишгоҳ дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии он 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 ҳазору 787 метри мураббаъ  масоҳати муфиди таълимӣ аст. 
Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ бошад, 12 ададро ташкил медиҳад.
Толори бошукуҳи маҷлисӣ ва фарҳангии донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур  1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад. Минбаъд тамоми чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатии донишгоҳ дар ин толори муҳташам баргузор карда мешаванд.
Ҳоло дар донишгоҳ 4 марказ-Маркази таҳсилоти баъд аз дипломӣ, Маркази омӯзиши симулятсионӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва Маркази ягонаи тестӣ амал менамояд. Маркази омӯзиши симулятсионӣ, ки дар ошёнаи дуюми бинои асосӣ ҷойгир аст, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ:http://www.president.tj/node/31415