Ифтитоҳи чор синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Обшорони ноҳияи Кӯшониён

24-08-2021
21–уми августи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода ба деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ташриф оварда, филиали синфхонаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти иловагии №71, ки бо дастгирии соҳибкор Қадриддин Холов сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор доданд. 
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аввали соли 2020 оғоз гардида, ҳаҷми маблағи корҳои иҷрошуда зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил, махсусан барои синфҳои ибтидоии деҳаи Обшорон, ки бинои асосии таълимии №71 аз деҳа дар масофаи 2,5 километр дуртар ҷойгир аст, сохта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии №71 дар синфхонаҳои иловагии сохташуда таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамшафати синфхонаҳои иловагӣ ошхона барои хонандагон ва майдончаи варзишӣ ба инобат гирифта шуда, майдонча пурра омода ва ошхона то оғози таҳсил ба истифода дода мешавад. Дар иншоотои зикршуда 8 ҷойи кории доимӣ фароҳам оварда шудааст.