ИФТИТОҲИ ДУ МАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА ЯК КӮДАКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

06-09-2022
6-уми сентябри соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 барои 240 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор дод, ки дар маросими ифтитоҳӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд. 
Муассисаи таълимии мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 синфхона, аз ҷумла, 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи таълими меҳнат, кабинетҳои фанни химия ва физика, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мебошад. Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 26 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 7 воҳиди корӣ барои кормандони техникӣ, боқимонда барои омӯзгорони фаннӣ ва маъмурият мебошад.
Илова ба ин, дар ҳудуди қитъаи замини иншоот сохтмони ҳавз барои нигоҳдории об, буғхона, ҳоҷатхонаи беруна ва маҳкам намудани гирду атрофи иншоот ба анҷом расонида шуда, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии мактабӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннии химия ва физика бо тамоми тачҳизоти зарурӣ, синфхонаи таълими меҳнат ва синфхонаи компютерӣ бо 13 адад моноблок, 1 адад видеопроектор бо тахтаи электронӣ ва принтер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Бояд гуфт, ки сохтмони бинои муассисаи таълимии мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он ҶСК “Совет” мебошад. Бунёди ин таълимгоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, иншоот бо харҷи 4 млн. 811 ҳазор сомонӣ сохта шуда, ба маблағи 456 ҳазору 50 сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Ҳамзамон, дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат, раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илм дар деҳаи Танобчии ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик дар расми ифтитоҳи бинои муассисаи томактабии рушди кўдакон “Илҳом” барои 72 кўдак ширкат варзиданд.
Сохтмони бинои томактабии мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар ҳудуди 0,35 га қитъаи замин ба анҷом расонида шудааст. Бинои мазкур аз 2 ошёна ва мансард иборат буда, барои 72 кўдак пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур 2 синфхонаи таълимии забономўзӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ), 1 синфхонаи компютерӣ бо 12 адад компютер, ошхона, утоқи кории мудири муассиса, утоқи мураббиён, ҳаммом ва ҳаҷатхона, дар ошёнаи дуюм ҷойи хоб, ҷойи хўрокхурӣ ва ҷойи бозии кўдакон ва дар ошёнаи сеюм (мансард) ду майдончаи бозии кўдакон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Нимаи дуюми 6-уми сентябр Сарвазири мамлакат, раиси вилоят ва вазири маориф ва илм дар деҳаи Ҳуснободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1,44 гектарро ташкил дода, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ барои 480 нафар дар ду баст сохта шудааст. Бино дуошёна буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, 4 кабинети фаннӣ, 2 лаборатория ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст.
Қоҳир Расулзода - Сарвазири мамлакат ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, ба устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат дар кори омӯзишу парвариш комёбӣ таманно кард.
 
Бахтовар САФАРОВ