Ифтитоҳи мактаб дар маҳаллаи Мерганчаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

10-06-2021
Дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бояд қайд кард, ки фармоишгари иншооти таълимӣ Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “ПИЛҶ САНИИОСП” таҳияи гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Гулгун” иҷро гардидаанд. 
Лоиҳаи иншоот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ташхиси давлатии сохтмони “Tasdiglayman” Director v.b Abdiev M аз 14.02.2019 с YIGMA EKSPERT XULOSA №284 – 2019 гузаронида шудааст. 
Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 1,5 га-ро ташкил дода, дар иншоот корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд. 
Дар асоси лоиҳаи тарҳрезигардида, иншооти аз 5 бинои (А, Б, В, Г ва Д) сеошёна иборат мебошад. 
Бинои А сеошёна буда, андозаи бино дар тирҳо 30,0х18,0 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 1022,7 м2-ро дарбар мегирад. Дар ошёнаи якуми ин бино толори хониш, китобхонаи электронӣ барои муаллимон ва хонандагон, шуъбаи тақсимоти китоб, анбори китоб ва бойгонӣ пешбинӣ гардида, дар ошёнаи дуюм толори маҷлис барои 400 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудааст. 
Бинои Б сеошёна буда, андозаи бино дар тирҳо 34,6х17,0 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 1557,39 м2-ро дарбар мегирад. Дар ошёнаи якум синфхонаи таълими меҳнати писарона барои коркарди металл, синфхонаи таълими меҳнати духтарона барои буридан ва дӯзондани матоъ, синфхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва нуқтаҳои санитарӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм синфхона, рекреатсия, озмоишгоҳи фанни физика, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва нуқтаҳои санитарӣ тарҳрезӣ гардида, дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва нуқтаҳои санитарӣ пешбинӣ гаридааст.
Бинои В сеошёна буда, андозаи бино дар тирҳо 37,4х18,6 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 1522,59 м2-ро дарбар мегирад. Дар ошёнаи 1-ум миёнсарой, синфхона, ҳуҷраи методӣ, ҳуҷраи муаллимон, ҳуҷраи муҳофизон, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҳуҷраи тиббӣ тарҳрезӣ гардида, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи кории директор бо қабулгоҳ, синфхона, толори маҷлис, ҳуҷраи кории муовини директор, шуъбаи кадрҳо пешбинӣ гардида, дар ошёнаи сеюм осорхонаи мактаб, ҳуҷраи расмкашӣ, ҳуҷраи омодагии ҳарбӣ бо ҳуҷраи нигоҳдорӣ ва тоза намудани яроқи таълимӣ, ҳуҷраи муаллимон ва ҳуҷраи тиббӣ ҷойгир карда шудааст. 
Бинои Г сеошёна буда, андозаи бино дар тирҳо 34,6х17,0  метрро ташкил дода, масоҳати умумии бино 1157,39 м2-ро дарбар мегирад. Дар ошёнаи якум синфхонаи таълимӣ, анбор барои маҳсулоти тайёр, синфхонаи таълими меҳнати писарона барои коркарди чуб, ҳуҷраи таълими меҳнати духтарона барои пӯхтупаз (кулинария), ҳуҷраи тиббии дандонпизишкӣ ва нуқтаҳои санитарӣ ҷойгир гардида, дар ошёнаи дуюм синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳи фанни химия бо ҳуҷраи озмоишгарӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва нуқтаҳои санитарӣ тарҳрезӣ гардида, дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳи фанни биология ва нуқтаҳои санитарӣ ҷойгир гардидаанд. 
Бинои Д сеошёна буда, андозаи бино дар тирҳо 30,0х18,0 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 1121,25 м2-ро дарбар мегирад. Дар ошёнаи якуми бино ошхона бо толори таомхӯрӣ барои 200 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои ёрирасон, толори таомхӯрӣ барои муаллимон, ошпазхона ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот ҷойгир гардида, дар ошёнаи дуюм ва сеюм толори варзишӣ бо минбар барои 204 ҷойи нишаст, ҳуҷраи мураббӣ бо душхона, ҳуҷраи либосивазкунӣ бо душхона, нуқтаҳои санитарӣ (духтарона ва писарона) ва анбор барои лавозимоти варзишӣ тарҳрезӣ гардидааст. 
Илова бар ин, дар ҳудуди қитъаи замини ҷудогардида гузаргоҳ, майдонча барои истироҳат, майдонча барои бозии хонандагони синфҳои аз 1 то 4, майдонча барои бозии хонандагони синфҳои аз 5 то 9, роҳрав барои давидани хонандагон, майдончаи бозии футбол бо андозаи 60х30 метр, ҷойи нишаст барои 250 нафар, майдонча барои гузарондани маҷлис (линейка), ҳоҷатхонаи беруна барои 20 нуқта, дегхона бо анбори ангишт ва анбори зиддӣ сӯхтор барои 100 м3 об ҷойгир гардидааст. Арзиши харҷномави иншоот 33 млн. 357 ҳазору 270 сомониро ташкил медиҳад.
Ин даргоҳи илму маърифат тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷамоати Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода шуда буд, ки дар маросими ифтитоҳии он ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони аҳли илму маорифи кишварҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат доштанд. 
Масоҳати қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 2 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа муассисаи таълимии мазкур аз як бинои таълимии сеошёна бо 28 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ, бинои талори варзишӣ, бинои толори маҷлисгоҳ барои 280 ҷойи нишаст ва ошхона барои 220 ҷой, дегхона, анбор барои нигоҳдории ангишт, ҳоҷатхонаи беруна ва майдончаҳои варзишӣ иборат мебошад.
Маблағи умумии сохтмон 18 миллион сомониро ташкил дода, муассисаи таълимии мазкур барои 630 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. 
Аксҳо аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон