Ифтитоҳи муассисаи таълимӣ дар деҳаи Қумшоқи ноҳияи Шаҳритус

28-08-2021
28-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Қумшоқ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода иттилоъ дод, сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шудааст. 
Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Баракати Сарбанд” иҷро гардидаанд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, айни замон, дар иншоот корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расида, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. 
Лоиҳаи иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, 7 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон тарҳрезӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида буғхона, ҳоҷатхона ва ҳавзи нигоҳдории об тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст.