ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ №66 ДАР МАВЗЕИ УРТАБУЗИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФАРХОР

10-03-2023 Бо иштироки Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Хатлон бинои Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66-и деҳаи Уртабузи Ҷамоати деҳоти Фархор, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Дар рафти ифтитоҳи муассисаи мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва мудири маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода низ иштирок доштанд.
Баъд аз ифтитоҳи муассисаи мазкур Сарвазири мамлакат аз синфхонаҳо дидан намуда, бо хонандагон суҳбат кард ва ба онҳо барои такмили савияи дониш ва гирифтани донишомӯзӣ муваффақият таманно намуд.       
Дар муассисаи мазкур тибқи лоиҳаи иншоот аз сехи дӯзандагӣ, ошхона, 24 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 500 ҷойи нишаст дар як баст, толори маҷлисгузаронӣ, китобхона, утоқҳои корӣ ва ошхона бо усули муосир сохта шудааст. 
Сарвазири мамлакат инчунин, бо ҳайати омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Дар мулоқот аз сиёсати маорифпарварона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба онҳо барои таълиму тарбияи дурусти хонандагон, ки ояндаи миллатанд, комёбиҳо хостанд.