ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт

15-06-2024
Дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар партави суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Дар ҳамоиш нуктаву хулосаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, марҳалаҳои омӯзиш ва роҳҳои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои рушди илми тоҷик бо мисолу далелҳои мушаххас шарҳ дода шуданд. Иброз гардид, ки бояд баҳри татбиқи дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат барномаву лоиҳаҳои мушаххас таҳия гарданд, ки суръату сифати ислоҳоти сохторҳои илмиро таъмин намоянд. Зеро дар ин мулоқоти тақдирсоз самтҳои асосии рушди илми тоҷик барои ояндаи наздик пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро баҳри татбиқ дар рушди илми матншиносӣ, ҳифз, таҳия ва оммавигардонии мероси хаттӣ иброз намуданд.
Дар фарҷом олимону кормандони Маркази мероси хаттӣ тасмим гирифтанд, ки дар партави суханрониҳои Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи мамлакат чорабиниҳои дарозмуддат ва барномаҳои татбиқи илм дар амалия таҳия намуда, бар асоси он вазъи илмии муассисаро ислоҳ намоянд.

АМИТ «Ховар»