ҲИФЗУ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАКОН

01-06-2018
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мураттаб гардидааст. Дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Бо назардошти талаботи моддаи мазкур ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде ба тасвиб расидаанд. Яке аз чунин санад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошад. Санади мазкур ҳанӯз 18 марти соли 2015, №1196 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, комиссияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро дар 6 бобу 50 модда танзим менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои татбиқи амалии ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи кӯдак ба шахсият, ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқи кӯдак ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, фароғат, зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон аз ҷониби давлатро кафолат медиҳад.  
Боиси тазаккур аст, ки масъалаи оилаву оиладорӣ ва тарбияи рӯҳиву ҷисмонии фарзандон дар чорчӯбаи оила ҳанӯз дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун рукни муқаддаси ҷомеа махсус таъкид шудааст. Роҷеъ ба масъалаи ҳуқуқи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти дахлдори як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1989), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ва ғайраҳо татбиқ мегарданд. Моддаи 16-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва моддаи 10-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф карда, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оиларо пешбинӣ менамояд. 
Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак омадааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». Меъёри мазкур айнан дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 65-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон дар дигар моддаҳои Кодекси мазкур низ зикр гардидааст. Ҳамчунин, моддаи 25-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҳимояи иҷтимоии баробар бархурдор шудани ҳамаи кӯдаконро, новобаста аз он ки дар ақди никоҳ ё берун аз он таваллуд шудаанд, муқаррар кардааст. 
Ҳифзи кӯдак тавассути баъзе аз меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ низ таъмин карда мешавад. Масалан, тибқи нишондоди қисми 1 моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ё худ тибқи қисми дуюми ҳамин модда ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо аз ҷониби волидайн оид ба тарбияву таълими кӯдак ё сӯистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ, кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни 14-солагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат намояд. Илова ба ин, моддаи 63-и Кодекси оила волидайнро уҳдадор мекунад, ки барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва аз парастории волидайн бо сабабҳои гуногун мондаро Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 таҳти № 98 ба тасдиқ расидааст, танзим менамояд. Боиси зикр аст, ки яке аз ҳуқуқҳои меҳварӣ дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо- ин ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил мебошад, ки дар моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дарҷ гардидааст.  Тибқи талаботи моддаи мазкур кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Ба кӯдаки маъюбе, ки ба муносибати махсуси рӯҳиву равонӣ ва кумаки педагогӣ эҳтиёҷ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон машварат ва таҳсилот кафолат дода мешавад.  Бо назардошти талаботи моддаи мазкур айни ҳол тибқи маълумотҳои омории Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ дар муассисаҳои томактабӣ 93053 нафар ва дар Марказҳои инкишофи кӯдак 43666 нафар кӯдакон дар баробари 1 906 304 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ (синфҳои 1 ва 11) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 
Аз ин теъдод 1713 нафари таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ятими кул буда, 42304 нафари дигар ё аз падар, ё аз модар маҳрум ва қисми дигар камбизоату беназорат мебошанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (24176 нафар) ва миёнаи касбӣ (80432 нафар) дар маҷмӯъ 104608 нафар хонандагону донишҷӯён таҳсил доранд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 191 550 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 3104 нафар донишҷӯи маъюб, 8775 нафар донишҷӯи ятим таҳсил намуда истодаанд, ки ҳуқуқҳои ҳамаи онҳо дар масъалаи таҳсил аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки синну соли шаҳрвандони то ҳаждаҳсолаи кишварамон зиёда аз 3,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Дар моддаи 4 мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мафҳуми фарзанд (кӯдак) – шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида дарҷ гардидааст.   
Албатта, ба таҳқиқ агар ба моҳияти як қатор қонунҳо диққат диҳем, бараъло эҳсос кардан мумкин аст, ки аксари онҳо якдигарро вобаста ба паҳлуҳои зиёди масъалаҳо мукаммал ва асоснок мекунанд. Масалан, риояи талаботи қонунҳои “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳам “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” метавонанд ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” аз ҳар ҷиҳат мусоидат намоянд. Уҳдадориҳое, ки тибқи талаботи моддаи 8 ва вазифаҳое, ки тибқи талаботи моддаи 9-и Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд волидайн доранд, онҳоро дар баробари давлату ҷомеа водор ва ҳам вазифадор месозад, ки дар татбиқи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бетараф набошанд. Эҳсос кунанд, ки кӯдак шахси комилҳуқуқ буда, имтиёзҳои барои ӯ пешбинишуда бояд тибқи муқаррароти қонунгузориҳо амалӣ гардонида шаванд.  
Бинобар ин, муассисаҳои таълимии кишвар дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор муваззафанд, ки миёни хонандагону донишҷӯён, волидайни онҳо ва аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба иҷрои санадҳои дар ин самт қабулшуда гузаронида, масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои сӯистеъмоли маводи нашъадор, таҳлил ва ошкор намудани омилҳои мусоидаткунандаи даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худу дигарон задани кӯдакони дар ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ ва хашм қарордошта, инчунин оид ба тарғиби арзишҳои милливу фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолият ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва оид ба амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, суҳбату вохӯриҳоро доир намоянд. 
       Раҷабалӣ Сангов- сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва 
       котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон