ИЛМ – АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ. КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

18-04-2024
18 апрели соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи байналмилалии илмию амалии донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон дар мавзӯи “Илм – асоси рушди инноватсионӣ” баргузор гардид. Конференсияи мазкур ҷузъи муҳимтарини корҳои тадқиқотии донишҷӯёну олимони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ буда, барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Тавре ки аз барномаи конференсияи мазкур бармеояд, имсол аз ҷониби омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёну докторантони Phd зиёда аз 100 мақолаи илмӣ барои нашр дар маҷмӯа пешниҳод гардидааст.
Инчунин, мақолаҳои илмӣ аз якчанд кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Узбекистон, Қазоқистон, Россия ва Словакия пешниҳод гардидааанд. Мақолаҳои пешниҳодшуда ба 6 бахш (11 самт) тақсим шудаанд, ки аз “Энергетика ва иқтисод”, “Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ”, “Сохтмони нақлиёт ва нақлиёт», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборатанд. 
Маврид ба қайд аст, ки имсол аввалин маротиба маводи конференсияи мазкур дар асоси шартномаи ба имзорасида ба китобхонаи электронии eLIBRARY ворид карда мешавад.