«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баргузории ин озмун дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса дорад

10-01-2024
ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. Дар ин хусус Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли 2024 ба тасвиб расид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.
Дар озмун шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсил (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда метавонанд.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуда, аз чор давр иборат мебошад. Даври якуми озмун моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо, даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми озмун моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мешавад.
Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян мешавад.
Соли равон низ имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи Шоҳҷоизаи даври чорум баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Иштирокчиёни даври чоруми озмун хонандагони синфи 11 соли равон ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Маблағи умумӣ барои озмун 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби ҷои якум 35 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ, ҷои сеюм 15 ҳазор сомонӣ ва як Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки он барои ихтироъкорӣ ва навоварӣ дода мешавад.
Баргузории озмун солҳои 2021-2023 нишон дод, ки дар байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Соли 2023 бори аввал озмун байни хонандагони муассисаҳои шакли нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд шуда, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил дод.
Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил дод.
Ҷиҳати ҳавасмандсозӣ ва бештар омода намудани наврасону ҷавонон барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва иштирок дар озмун дар баробари довталабон, инчунин омӯзгорон ва падару модарони хонандагоне, ки дар он ғолиб меоянд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадршиносӣ мешаванд.
Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соли 2023 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар маҷмуъ 163 ҳазору 892 нафар иштирок намуда, ба даври дуюм 30 ҳазору 918 нафар роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм аз 30 ҳазору 918 нафар иштирокчӣ 3878 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар даври сеюм аз 3878 нафар иштирокчӣ 579 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиб омад, ки аз ин шумора 26 нафар зан буд.
Бори аввал дар соли сеюми баргузории озмун Шоҳҷоиза супорида шуд. Шоҳҷоиза насиби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов бо пешниҳоди микроҷарроҳии реконструктивиӣ-пластикӣ гардид.
Бояд гуфт, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соли 2023 шумораи иштирочиёни даври аввали озмун нисбат ба соли гузашта тақрибан ду маротиба зиёд буда, сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба солҳои пешин боло рафта, таваҷҷуҳ махсусан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле зиёд шудааст.
Зимни тақдими ҷоизаҳо, ки 28 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ғолибони даври ниҳоии озмун дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории чунин озмуни ҷумҳуриявӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и шаҳри Душанбе Муҳаммадрасул Раҳимов ду сол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» иштирок намуда, соли 2023 дар даври шаҳрӣ ҷои якум ва дар даври ҷумҳуриявӣ низ ҷои аввалро ишғол намудааст.
Муҳаммадрасул Раҳимов иброз дошт, ки «Илм-фурӯғи маърифат» яке аз озмунҳое мебошад, ки дар таҳкими сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои ҳам таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам таҳсилоти олӣ дар се соли мавҷудият нақши беназир гузоштааст.
Хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи 52-и Рашт Гулиноз Азизова дар ин озмун дар номинатсияи география сазовори ҷои дуюм гашт. Ӯ иброз дошт, ки соли дуюм аст, ки дар ин озмун иштирок дорад. Соли аввал то даври ниҳоӣ иштирок дошта, соли 2023 ба ӯ муяссар шуд, ки дар даври ниҳоӣ иштирок намуда, ғолиб гардад.
«Мехостам миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасонам, ки баҳри донишандӯзии мо, хонандагон шароити хуб фароҳам овардаанд. Ин озмун аз ҳар ҷиҳат ба илмомӯзии хонандагон фоидаи зиёд мерасонад. Илмҳои дақиқ илмҳое мебошанд, ки дар ояндаи Тоҷикистон нақши муҳим бозида, хеле зарурӣ мебошанд ва бо омӯзиши ин фанҳо мо метавонем, ки роҳи илмро бештар кушоем. Озмун дар ду давр: хаттӣ ва шифоҳӣ баргузор шуда, дар ҳарду давр панҷ саволӣ пешниҳод гардида, шаффоф гузашт»,-афзуд Гулиноз Азизова.
Иштирокчии дигари даври чоруми озмуни соли 2023 хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе Алиҷон Каримзода бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» иштирок намуда, дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ» ва навоварӣ соҳиби ҷои дуюм гардидааст.
«Ман миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои мо, ҷавонон чунин озмунҳоро ташкил намуданд ва мо дар онҳо дониши худро сайқал медиҳем. Ман хеле хурсандам, ки дар ин озмун иштирок намудам»,-гуфт Алиҷон Каримзода.
Ғолиби даври ниҳоии ин озмун- хонандаи синфи 11-и литсейи шаҳри Ваҳдат Ҳилола Амонова гуфт, ки дар олимпиадаву озмунҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. «Ман дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи биология иштирок намуда, дар даври минтақавӣ соҳиби ҷои дуюм гашта, дар даври ниҳоӣ ғолиби ҷои сеюм, мукофот ва ҷоиза гардидам. Ман ба наврасон тавсия медиҳам, ки дар маҳфилу озмунҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷоизаву мукофот гарданд», — гуфт ӯ.
Донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Марҷона Файзуллоева соли 2023 аз рӯи номинатсияи химия иштирок намуда, дар даври чоруми озмун сазовори ҷои сеюм гардид. Ӯ гуфт, ки озмун барои баланд бардоштани донишҳои техникии хонандагон, наврасону донишҷӯён аз тарафи Пешвои муаззами миллат ташкил шуд, ки мо барои ин сипозгузор мебошем.
«Мо, ки дар соҳаи омӯзгорӣ дар мактабҳо фаъолият мебарем, мебинем, кидониши техникӣ-риёзии хонандагон нисбат ба пештара хеле баланд мешавад. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ба ҳам пайваст. Мо дар ин озмун аз минтақаҳои зиёди ҷумҳурӣ дӯстони зиёд пайдо намудем. Озмун шаффоф ва дар сатҳи олӣ гузашт»,-иброз дошт Марҷона Файзуллоева.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.
Тавре иттилоъ додем, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил баргузор шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.
Дар робита ба он 31 январи соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба имзо расида буд.

Раъно НУСРАТУЛЛО