«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

28-05-2024
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он 172 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 35 донишҷӯи муассисаҳои миёнаи касбии ноҳия аз рӯйи 7 номинатсия- математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ рақобат намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд корманди раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Содиқов иттилоъ дод.
Дар ҷараёни озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявӣ, донистани қонуну қоидаҳои математикӣ, назарияҳо, дуруст фаҳмонидани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва қоидаҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда шуд. Дар натиҷаи баҳогузории аъзои ҳакамон беҳтаринҳо муайян шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар фазои илмӣ-таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст. Озмун аҳаммияти илмӣ-маърифатӣ дошта, ба рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, густариши ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»