ИМКОНОТИ МУСОИД БАРОИ ГУЗАШТАН АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

13-05-2019
13-уми майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии шартнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР) доир гардид. Дар маросими баимзорасонӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг А. Жумагулова иштирок намуданд.
Мақсади асосии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг бақайдгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, муайян намудани сифати таҳсилот ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани онҳо мабошад. Дар сурати дар қайди ин агентӣ будан дипломи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар қаламрави дигар кишварҳо эътироф карда мешавад. 
Мавриди ёдоварист, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз аввалин агентиҳои аккредитатсионӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва мақоми баландро соҳиб гардидааст. Агентӣ моҳи декабри соли 2017 аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ эътироф, моҳи ноябри соли 2016 мақоми узви ассотсиатсияи аврупоӣ доир ба сифати таҳсилоти олӣ (ENQA)-ро соҳиб ва 20-уми июни соли 2017 дар рӯйхати таъмини сифати таҳсилоти олии Аврупо дохил гардидааст ва ин имконият медиҳад, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аккредитатсияи байналмилалиро доир намояд. 
Ҳамзамон, 6-уми апрели соли 2017 аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун агентии мустақили байналмилалӣ ба Рӯйхати миллии Ҷумҳурии Қирғизистон дохил карда шуд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО