Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай «Таҳсилот бидуни марз» ба кор оғоз намуд.

23-11-2018
Имрӯз дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай «Таҳсилот  бидуни марз»   ба кор оғоз намуд.  
 Дар кори ҳафтаи таҳсилот намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои аъзои Донишгоҳи СҲШ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Кирғизистон, Россия, Чин, Ӯзбекистон, Покистону Ҳиндустон ширкат доранд.
Дар ҷамъомад муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории Ҳафтаи XII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай  тақвият бахшидани  ҳамкории байнидавлатии кишварҳои аъзои СҲШ бо муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии ин кишварҳо  ва инчунин табодули таҷриба  дар роҳи тайёр намудани   мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, мустаҳкам намудани риштаи ҳамсоядорӣ ва дӯстии  давлатҳои аъзои СҲШ таввасути соҳаи маориф мебошад.
Инчунин зикр карда шуд, ки яке аз самтҳои  муҳими СҲШ дар соҳаи маориф ташкил намудани фазои ягонаи  таҳсилот, стандартҳои ягонаи  давлатӣ дар соҳаи  маориф,  барнома ва стандартҳои  ягона доир ба тайёр намудани  кадрҳои илмӣ  ва илмӣ-педагогӣ  дар муассисаҳои  таҳсилоти олии касби қаламрави СҲШ бо дастрасӣ ба тамоми имкониятҳои мавҷуда мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҳафтаи мазкур   баргузории суҳбатҳо  аз рӯи равияҳои «Минтақашиносӣ», «Экология», «Энергетика», «IT-технологияҳо», «Нанотехнологияҳо», «Педагогика» ва «Иқтисодиёт» дар назар аст.
Дар нишасти коршиносон ҷараёни татбиқ ва самтҳои тавсеаи барномаҳои таълимии магистрии муштарак таҳлил гардида, пешниҳодҳо ҷиҳати татбиқи баъдинаи Созишнома доир ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ таҳия хоҳанд шуд.


АМИТ Ховар