«INFOMATRIX 2019» ҷамъбаст гардид

25-04-2019
Рӯзҳои 20-24-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бухарести Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX 2019» баргузор гардид, ки дар он аз 46 давлати дунё 1016 хонанда иштирок намуда, 595 лоиҳа пешниҳод карда шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 28 нафар хонанда иштирок карда, дар ҷамъбасти олимпиада сазовори 22 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд.
Хонандагони литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 10 медал, мактаби байналмилалии Президентӣ соҳиби 6 медал, муассисаи хусусии таълимии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ» соҳиби 4 медал ва мактаби байналмилалии Душанбе соҳиби 2 медал гардиданд.
Иштирокчиёни олимпиадаро масъулин дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия ва Руминия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 131 медал, аз ҷумла 32 медали тилло, 23 медали нуқра ва 76 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 медал (11 медали тилло ва 42 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.