ИҶРОИШИ БАРНОМА 11,1%

11-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Таҳлили рафти иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» нишон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 95 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки 11,1% иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.
Боиси таассуф аст, ки татбиқи Барнома ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳуриро имрӯз мусбат арзёбӣ кардан мушкил аст. Тибқи талаботи Барнома дар 5 соли татбиқшавии он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 413 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Мутаассифона, то имрӯз ҳамагӣ 17 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки 4,1%-и иҷрои Барномаро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ чорандешӣ намоянд.