ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТАИ МИНТАҚАВИИ РОҲБАРИКУНАНДАИ GIZ ДАР ШАҲРИ АЛМААТО

15-02-2024
15 феврали соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳамкориҳои Байналмилалии Олмон (GIZ) ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар доираи лоиҳаи "Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ" (РЕСА 5) баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони соҳаҳои маориф ва илм аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон,  Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзида, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ниёзӣ Сироҷиддин - сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои таҳлили моҳияти лоиҳаи РЕСА барои соли 2023, сохтори лоиҳа, тағйироту иловаҳо дар индикаторҳо ва аспектҳои сабз дар таҳсилоти касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаҳо барои соли 2024 таҳия гардид.
Аз ҷониби намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки сеюмин Конференсияи минтақавии  лоиҳаи "Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ", ки баргузории он моҳи апрели соли 2024 аз ҷониби GIZ ба нақша гирифта шудааст, дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон