ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ "МАОРИФ-2024" ДАР ШАҲРИ ЛОНДОН

20-05-2024
Имрӯз, 20-уми май ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аввалин маротиба дар Форуми ҷаҳонии "Маориф-2024"  иштирок намуд.
Форуми ҷаҳонии маориф ҳамасола аз ҷониби Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Лондон ташкил гардида, дар он вазирони маорифи кишварҳои гуногун ва намояндагони ташкилотҳои дар самти маориф фаъолияткунандаи дунё ширкат меварзанд. 
Дар форуми ҷаҳонии "Маориф-2024" иштироки намояндагони 159 кишвари дунё ва баргузории вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудааст.
Имсол дар доираи баргузории ин форум вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо ҳайатҳои кишварҳо ва ташкилотҳои гуногун дар назар аст.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон