Иштироки хонандагон дар олимпиадаи «50th IPhO 2019»

16-07-2019
Аз 7-ум то 15-уми июли соли 2019 дар шаҳри Тел-Авиви Ҷумҳурии Исроил 50-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика «50th IPhO 2019» баргузор гардид. Дар олимпиада хонандагон аз 78 кишвари дунё иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе -Пиров Далер ва Ҳасанов Фараҳманд сазовори ҷойи сеюм, медали биринҷӣ ва Юсуфов Изатулло хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе сазовори Ифтихорномаи фахрӣ гардиданд.
Иштирокчиёни олимпиадаро кормандони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол намуданд.
Хонандагони кишвар аз аввали соли 2019 дар 15 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА ва Исроил баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 200 медал, аз ҷумла 49 медали тилло, 55 медали нуқра ва 96 медали биринҷӣ гардиданд.