ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

18-05-2023
Аз 10-ум то 17-уми майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрантону докторантон, кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд.
Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 баргузор гардид, ки дар он 898 нафар иштирокчӣ аз руйи 6 номинатсия: адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баромад намуда, дониш ва малакаи худро санҷиданд.
Имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шумораи зиёди омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, 6 нафар кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он иштирок намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар соли панҷум аст доир мегардад.
Ҷамъбасти даври дуюми озмун дар ноҳияи Шоҳмансур пас аз натиҷагирии доварон баргузор мегардад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон