ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШИ “АРШИН МАЛ АЛАН”

10-02-2021
10-уми феврали соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши “Аршин Мал Алан” баргузор гардид, ки дар он кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
 “Аршин Мал Алан” дар жанри ҳаҷв рӯйи кор омада, бо 80 забони хориҷӣ, аз ҷумла ба забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, полякӣ, англисӣ, арабӣ, форсӣ, хитоӣ, гурҷӣ, булғорӣ, украинӣ ва белорусӣ тарҷума шуда,  дар 187 театри 76 давлат  ба намоиш гузошта шудааст. 
Зикр гардид, ки мақсад аз ба саҳна гузоштани чунин намоишномаҳои театрӣ рушди маънавиёт ва фарҳанг, рушди анъанаҳои театри тоҷик, ташаккул додани сиёсати репертуарӣ ва офаридани намоишномаҳои нав ба нав аз рӯи намунаҳои асарҳои классикии ватанӣ ва хориҷӣ, драматургияи муосир мебошад.

Мавзунахон Убайдуллоева