ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ЗЕРИ УНВОНИ «САРМОЯГУЗОРИИ ИБТИДОӢ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН»

22-11-2022
Рӯзҳои 13-16-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон зери унвони «Сармоягузории ибтидоӣ ба хотири ояндаи дурахшон» конференсияи ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ғамхории ибтидоии кӯдакон ва таълим баргузор гардид, ки дар он дар қатори намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусии беш аз 150 кишвари ҷаҳон намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирок намуданд.
Нахуст, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми ноябр дар маросими ифтитоҳии конференсия ширкат варзида, доир ба рушди барвақтии кӯдак маърӯза намуданд. Инчунин, 14–уми ноябр дар маросими интихоби бюрои ҳайати роҳбарикунанда тибқи қоидаҳои ЮНЕСКО ва ҷараёни овоздиҳии ташкил намудани 20 бахши конференсия фаъолона ширкат варзиданд. Сипас, бо мақсади шиносоӣ аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар бахши 3-юми сатҳи баланди конференсия “Назорат ва роҳбарӣ” иштирок намуданд, ки доир ба таҷрибаи давлатҳои Англия, Ӯзбекистон, Фаронса, Норвегия дар бахши ҷалби сармоя ва рушди барвақтии кӯдак мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нимаи дуюми рӯз дар ҳошияи конференсия вохӯрии дуҷонибаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баргузор гардид. Дар рафти мулоқот доир ба масоили умдаи маориф, нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳа таъкид гардида, тадбирҳои минбаъдаи таҳким ва бознигарии ислоҳоти соҳаи маориф баррасӣ гардид. Ҳамчунин, оид ба дурнамои рушди муносибатҳо дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки баҳри густариш додани ҳамкориҳо харитаи роҳи муштарак коркард карда шуда, самти минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи он сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин, дар идома вохӯрии вазир Р.Саидзода бо директори генералии ташкилоти “Дубай Карес” ҷаноби Триқ–ал Гург баргузор гардид. Нахуст, дар ин мулоқот аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода вобаста ба рушди барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардида, дар идома, Триқ–ал Гург изҳор дошт, ки ташкилоти “Дубай Карес” барои сароягузории соҳаи маориф ва самтҳои он таҷрибаи ғанӣ дошта, ташкилот омода аст, ки сармоягузориро дар самти мазкур дар Тоҷикистон оғоз намоянд. Инчунин, ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баҳри густариши ҳамкориҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Бояд зикр кард, ки ташкилоти “Дубай Карес” чун зерсохтори раёсати муоширати СММ ба шумор рафта, маблағгузориро дар самти рушди барвақтии кӯдак, таҳсили ҷавонон, тарғиби таҳсилоти босифат дар 60 давлати рӯ ба тараққӣ ба роҳ мондааст.
15-уми ноябр дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур дар бахши “Сиёсат, идоракунӣ ва маблағгнузорӣ” муроҷиатномаи миллии давлатҳои узви ЮНЕСКО шунида шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бахш вазири маориф ва илм муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки Тоҷикистон ба ҷараёни ҷаҳонишавии муколамаҳо дар самти рушди барвақтии кӯдак бо назардошти риояи манфиатҳои миллӣ, ба инобат гирифтани қонунгузории миллӣ, урфу одат муовофиқ буда, ҷиҳати густариши равандҳои марбут ба рушди барвақтии кӯдак кӯшиш ба харҷ медиҳад.
16-уми ноябр ҳайти Тоҷикистон дар чорабиниҳои иртиботии ҷониби ЮНЕСКО аз муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди барвақтии кӯдаки шаҳри Тошканд дидан намуда, бо тартиб, услуби корбарӣ ва шаклҳои таълими барвақтии кӯдак аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Сипас, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯз дар ҳошияи бахши сатҳи баланд дар коркарди матни “Эъломияи Тошканд” ширкат варзида, барои муайян намудани қадамҳои минбаъдаи фаъолият мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ЮНЕСКО дар ҷаҳон ҳар чаҳорумин кӯдак дар синни панҷсолагӣ аз таҳсилоти томактабӣ маҳрум буда, ҳамзамон, дар саросари ҷаҳон камтар аз нисфи кишварҳо таҳсилоти томактабиро ройгон ба роҳ мондаанд. Дар рафти конференсия таъкид гардид, ки сармоягузорӣ ба таҳсилоти барвақтии кӯдак бузургтарин сармоягузории кишварҳост, ки метавонад барои оғози одилонаи ҳаёт барои ҳар як кӯдак ва мубориза бо нобаробарӣ дар таълими барвақтӣ мусоидат кунад.