ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНФРОНСИ САТҲИ БАЛАНД ҶИҲАТИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ

23-09-2023
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Конфронси сатҳи баланд ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Тошкент иштирок ва суханронӣ намуд.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки замони муосир талаб менамояд, ки дар самти таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба иқтисоди бозорӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал ояд. Ин пеш аз ҳама ҳакориҳои кишварҳои минтақаро дар шакли нав талаб менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он омода аст. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки ҳамкориҳо дар самти илму амаориф метавонад дар рушди босуботи кишварҳои минтақа таъсиргузор бошад.
Дар конфронс ҳамчунин қайд гардид, ки дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 430 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 1,8 млн донишҷӯ ба таҳсил фаъолият мекунанд, ки дорои имкониятҳои васеъ барои ҳамкориҳои чандҷониба мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронс вазирони маориф ва таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон