«Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим: дастовард, мушкилот ва дурнамои рушд»

26-04-2018
26 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» бо ибтикори кормандони Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илм дар асоси Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим: дастовард, мушкилот ва дурнамои рушд» баргузор гардид.
Кори конференсияро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев оғоз намуда, иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои навини иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қарор, қонун, барнома, консепсия ва стратегияҳоро қабул намудааст. Аз он ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» барои солҳои 2011-2020, «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 июли соли 2014 №428 ва «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2018-2020 аз 29.09.2017, №443 таҳия ва тасдиқ гардида, дар соҳаи маориф амалӣ шуда истодаанд.
Сипас,  дар  конференсияи ҷумҳуриявӣ мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илм Давлатбек Алиев, директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ТИК» Талъат Нуъмонов, директори филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе Маҳмадсалим Қурбонов ва директорони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Норак, исор, Ваҳдат ва ноҳияи Б. Ғафуров оид ба масъалаҳои аз эътибор соқит кардани воситаҳои технологияи корношоям дар муассисаҳои таълимӣ, созиш, рушд ва пешбурди захираҳои таълимии дастрас тавассути ТИК, афзалияту самаранокии истифодабарии китоб, тахтаҳои электронӣ ва бозиҳои компютерӣ дар раванди таълим, рушди технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, моҳияти системаи таҳсилоти иловагии фосилавӣ дар ҷараёни таълим суханронӣ карданд.