ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

19-02-2020
19 – уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турунзода   семинар – машварат дар мавзӯи “Дарёфт, мушкилот ва дурнамои истифодабарии технологияи муосир дар раванди таълим”  баргузор гардид. Дар он мутахассисони техникӣ ва омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимӣ иштирок карданд.       
Мақсад аз гузаронидани семинар - машварат татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» маҳсуб меёбад. 
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлисӣ Олӣ (26.12.2019) солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки  дар заминаи он моро мебояд, ки савияи дониши техникӣ ва малакаю маҳорати касбии мутахассисони техникӣ ва омӯзгорони фанни технологияи иттилоотиро боз ҳам баланд бардорем ва хонандагонро ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ бештар ҷалб намоем. 
Мавзунахон УБАЙДУЛЛОЕВА