Истиқлоли давлатӣ ганҷи бебаҳо ва бузургтарин дастоварди таърихӣ

08-09-2022
Дар аксарияти баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”. Аз ин гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ бармеояд, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолият ба мо имконият пайдо шуд, ки ин атои таърихии Худовандро ба манфиати ҷомеа баҳри ояндаи нек ва хушбахтии мардум, дӯстию бародарӣ, ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик бобаракат ва пурсамар истифода  барем. 
9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Сиву як сол қабл, 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати бофарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳастӣ пайваст: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Гарчанде бархе аз душманони миллат бо фармоиши хоҷагони бурунмарзӣ, ки тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро надоштанд, бо иғвову дасиса ҷанги бародаркуш ташкил намуда, ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба эъдом расонда, ба муҳоҷират маҷбур карданд, вале ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот доданд.  
Баробари ба даст овардани ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Миллати моро дар тӯли таърих аз ҳаводиси замон ҷавонмардони банангу номус, фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгираш ҳифз ва нигоҳ доштааст. 
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.  Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Ҳамзамон, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Имсол халқи бофарҳангу шарафманди Тоҷикистон 31-умин солгарди Истиқлолият, яъне ин неъмати бебаҳоро, ки дар роҳи хештаншиносӣ барои миллати тоҷик аҳамияти ниҳоят калон дорад, ҳамчун ҷумҳурии мустақили сиёсӣ дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ҷашн мегирад. Набояд фаромӯш кард, ки дар тӯли ин солҳо мардуми Тоҷикистон фоҷиаи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ - ҳамдигаркуширо аз сар гузаронида, муборизаи қувваҳои сиёсии қудратхоҳ ба кишвар ҳисороти бузурги ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ расонидаанд, ки онро бо пулу мол андоза кардан нашояд. Мардуми аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ қафомонда ба моҳияти даъват ва шиорҳои пурошӯби “пешвоёнашон” дуруст сарфаҳм нарафтанд. Надонистанд, ки роҳбарону пешвоёнашон ба ҷуз мақоми муайянеро дар ҷомеа ишғол намудан, ҳадафи дигаре надоштанд. Аммо дар рафти баҳамбархӯрии қувваҳои гуногуни сиёсӣ иштирокчиёни муҳорибаҳо оҳиста-оҳиста натиҷаи хуб надодани муборизаашонро дарк намуданд, ки маблағгузорону ҳомиёнашон бо кадом мақсад кӯмак мерасонанд ва ғаразашон аз чӣ иборат аст. 
Аз ҳамон лаҳзае, ки ин масъалаҳои ғаразнок дарк карда шуд, байни пешвоёни қувваҳои мухолиф фикри бо ҳам вохӯрдан ва низоъҳоро бо роҳи гуфтушуниду гузаштҳои байниҳамдигарӣ ҳаллу фасл кардан низ пайдо шуд. Ба ҳар ҳол ақли солим боло гирифту қувваҳои даргир ба ҳам омаданд ва ҳар кадом уҳдадор шуданд, ки барои мустаҳкам намудани истиқлолияти воқеӣ ҷонашонро дареғ намедоранд ва кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар фазои сулҳу субот бинои истиқлолиятро бо ҳам месозанд.
Дар ҳақиқат имрӯз аз он шукрона мекунем, ки Тоҷикистонро бештар аз 190 давлати дунё мешиносанд, садои Тоҷикистонро дар олитарин минбарҳои ҷаҳон мешунаванд. 
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои Конститутсияи худ, Суруди миллӣ, Парчам, асъори миллӣ ва артиши миллӣ буда, аъзои бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ аст. 
Соҳибистиқлол будан маънои онро дорад, ки ҳар кадом шаҳрванд баҳри мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодии ҷамъият баҳри пешрафти илму техника, маориф ва фарҳанг воситаҳои босамару манфиатбахшро ҷустуҷӯ менамояд. Пеш аз ҳама, онро ба инобат мегиранд, ки агар давлат истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватаниро ба роҳ намонаду онро ба бозори ҷаҳонӣ набарорад, вай хоҳ нохоҳ гирифтори низоъҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ хоҳад гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки соҳибистиқлолӣ он маъниро дорад, ки донишҷӯ ва ё толибилм барномаи таълимиро ба таври мукаммал аз худ намояд. Тоҷир бошад, ҳамон гуна маҳсулотро ворид намояд, ки вай барои инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мусоидат намояд. Сармоядорони ватанӣ корхонаҳо сохта, ба ҳаммиллатони хеш ҷойи кор муҳайё намуда, онҳоро аз асорати мардикории халқҳои дигар будан раҳо месозанд, ки ин барои пешрафти иқтисодиёту маънавиёти ватани хеш мусоидат менамояд.
Аҳли илм ва эҷод иллатҳои дар ҷомеа бударо ошкор сохта, роҳҳои муолиҷаи онро нишон медиҳад. Инчунин, ходимони сиёсӣ дар риояи Конститутсия намунаи олӣ барои дигарон буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маблағҳои ҷудошуда танҳо барои ба роҳ монда шудани истеҳсолот сарф карда шаванд. Бахусус, аҳли илму сиёсат вазифадоранд, ки илоҷи кам кардани муҳоҷирати меҳнатиро ёбанд. Онҳо бояд баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ин сарзамин идеяҳои нав ба нави худро истифода баранд, то ки сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии зиндагии мардуми ин сарзамин баланд бардошта шавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлол дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакатамон низ нақши муҳим бозидааст, зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ инъикос гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки сиёсати дар асоси Конститутсия пешгирифтаи Президенту Ҳукуматро на танҳо кулли мардуми Тоҷикистон, балки созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва аксари мамлакатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд. Ин тасодуф нест, чунки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои фаъолияти озодонаи сиёсию иқтисодӣ тамоми заминаҳо ва шароитҳо муҳайё карда шудааст. Масалан, барои фаъолияти озодонаи аксарияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Дуруст аст, ки истифода аз ин ҳуқуқу имкониятҳо бояд танҳо дар доираи қонун сурат гирад.
Ба ин муносибат Президенти муҳтарам ҳамеша таъкид менамоянд, ки омӯзиши Конститутсия ҳамчунин рамзҳои давлати миллӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳанӯз дар боғчаҳои бачагонаву синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шавад. Дар ҳар давлати соҳибистиқлол бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанӯз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл гузарад. 
Дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо мардону занон ҳуқуқи баробар доранд. Бо мақсади татбиқи амалии ин баробарҳуқуқӣ, Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, Президенти мамлакатамон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, дар корҳои идораи давлат таъмин карда шавад. Аз ин ҷост, ки занони бофарҳангу фаъол ва кордон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ вазифаи роҳбариро ба зимма доранд ва теъдоди онҳо сол ба сол афзуда истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти мамлакат, хусусан сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли проблемаҳои ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳанд, зеро ҷавонон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд ва дар ободонии ватани соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрӯи миллат саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамзамон, Президенти маҳбуби кишварамон аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон ҳамеша ҷавононро дастгирӣ мекарданд. Илова ба ин, ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаашон такя ба ҷавонон низ мекунанд. Ин аст, ки сол аз сол сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон афзуда истодааст ва ҳолати мазкур аз такя намудан ва дастгирӣ кардан ба ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Гуногунандешӣ, дарки моҳияти давлати дунявӣ, муносибати он ба дин ва фарҳанги динӣ ва созмонҳои он дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар қатори давлатҳои пешрафта ҷой гирифтани давлати тоҷик, пеш аз ҳама аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ин нуктаро мо бояд такрор ба такрор ба хонандагону донишҷӯён фаҳмонем ва онҳо хуб дарк намоянд, ки сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш аз ҳама дар дасти ҷавонон аст. 
Бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат назаррас мебошанд ва дар солҳои охир беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро мо дида истодаем.
Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд.
Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмин намудани самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, махсус хотирнишон бояд намуд, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.
Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Бо гузашти солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавон хулоса кард, ки давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳар яки мо дар таҳкими истиқлолият ва рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем. 
Дар интиҳо бори дигар ёдрас менамоем, ки ҳар як шахс вазифадор аст, ки ин ганҷи бебаҳои таърихии ба дастовардашуда ва қонунҳои дар он амалкунандаро риоя кунанд, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намоянд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон- манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз, бо чунин орзуҳо гуфтаниам: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад. Бори дигар таҷлил намудани 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни миллати тоҷик ва дигар қавму миллатҳои дар Тоҷикистони азизу биҳиштосо истиқоматкунанда муборак бошад! 

Довуд Ализода – сардори раёсати
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии 
Вазорати маориф ва илм