Истиқлолият ва рушди маориф

07-09-2018
Озодиву истиқлол барои ҳар миллат муқаддас ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақил  умр ба сар мебурд. Ин дастоварди беназир охири асри XX  ба миллати тоҷик насиб гардид ва 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро соҳиб шуд.
Истиқлолият ба осонӣ  ба даст омада бошад ҳам, дар пай хисороти зиёди моддиву маънавӣ дошт ва нагузошт давлати Тоҷикистон ба пешравиҳо ноил гардад.  Дар аввал ба ҷойи бунёдкорӣ мебоист неъмати бебаҳо – сулҳ дар ҷумҳурӣ таъмин карда мешуд.  Бо кӯшиши пайвастаи Сарвари ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот таҳким ёфт. Акнун дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили густариш ва рушд бахшидани соҳаҳои муҳими хоҷагӣ, аз ҷумла, бунёди роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, эҳёи арзишҳои маънавӣ, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ ва ба низом даровардани кори идораву мақомоти марбути соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  меистоданд. Албатта, ин ҳама баъди ба даст омадани ваҳдати комил дар кишвар шурӯъ гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксар давлатҳои дунё ҳамкориҳои густурда ба роҳ мондааст. Пешрафтҳои чашмгир дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили фарҳанг, илму маориф, тиб баъди сулҳу ваҳдат ба амал омадааст. Ҳамин тариқ, таҳти роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон барномаҳои нав барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳияву тарҳрезӣ гардида, заминаҳои мусоид барои рушди саноат ва иқтисод ба вуҷуд омадааст. 
Рушди иқтисодиёт ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки раванди коҳиши тавлидотро боздошта, иқтисодиёти кишварро ба масири рушди устувор барорад. Аз он давра ба баъд иқтисоди мамлакат ҳар сол ба ҳисоби 7,1 дарсад рушд мекунад. Дар пешравии иқтисодиёти кишвар  саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калон аст, зеро маҳз барномарезиҳои дақиқ ва дурбинонаи эшон буд, ки иқтисоди мамлакат ба по хест ва зина ба зина рушду ташаккул ёфт. 
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба масъалаи беҳбуди ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Дар он рӯзҳое, ки иқтисодиёти кишвар дар ҳолати рукуд қарор дошт, бо роҳу воситаҳои мухталиф кӯшиш менамуданд, ки сатҳи иҷтимоии зиндагии мардум таъмин ва тақвият бахшида шавад. Имрӯз, ки иқтисодиёти мамлакат хеле пеш рафтааст, қисми зиёди маблағҳо ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариш бахшидани соҳаҳои тандурустӣ, маориф, забон, илм ва фарҳанг ҳамвора талош меварзад. Соҳаи маориф низ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ҳамчун соҳаи  афзалиятнок дар сиёсати Сарвари давлат пазируфта шудааст. Дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таҳсил кафолат дода мешавад: «Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Соҳаи маорифи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ба таъкиди муҳаққиқон Воҳид Ғаффорӣ ва Зафар Сайидзода, нобасомониҳои иқтисодии солҳои аввали истиқлолият ба соҳаи маориф хисороти бузург ворид оварданд. 126 муассисаи маориф пурра аз кор баромад.
Ҳамин тариқ, бо кӯшишу таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таълимӣ аз нав барқарор ва бо техникаву технологияи замонавӣ таъмин гардиданд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо мактаби замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, имрӯз 39 муассисаи олии касбӣ амал мекунанд, ки барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисони ҳирфаиро омода менамоянд.  Эълон гардидани соли 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ба густариши соҳа мусоидат кард. Аз соли 1996 дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин, муассисаҳои типи нав ба фаъолият оғоз карданд, ки барои ба камол расондани хонандагони болаёқат таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, як қатор қонун, қарор ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» қабул шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии соҳаи маорифро ба танзим медарорад. 
Агар  ба нишондиҳандаҳои соҳаи маориф назар андозем, солҳои 1999-2004 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ барои беш аз 600 ҳазор хонанда ҷойи нишаст намерасид ва 87 фоизи мактабҳо шароити созгори санитарӣ надоштанд. Соли 2005 бо дастгирии Пешвои миллат нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф қабул карда шуд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани он дар соҳа корҳои зиёд ҷиҳати ислоҳот, таҷдид ва модернизатсия амалӣ гардиданд. Муҳимтарин дастовард дар зинаи таҳсилоти умумӣ таъмини пурраи фарогирии хонандагон ба таҳсилоти асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ низ пешрафтҳои чашмгир ба назар мерасанд. Барои густариш бахшидани ин зинаи таҳсилот барномаи махсус қабул гардидааст, ки тибқи он ҳамасола дар ҷумҳурӣ муассисаҳои зиёди таҳсилоти томактабӣ таъсис дода мешаванд. Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорон барои рушди соҳаи маориф ва муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи соҳибкории хусусӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 қабул карда шуд, ки тибқи он аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатманд ва бо роҳи ҳашар солҳои 2014-2016 зиёда аз 300 муассисаи томактабии хусусӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар зинаи таҳсилоти касбӣ, махсусан, таҳсилоти олии касбӣ низ дастовардҳо зиёданд. Дар давраи истиқлолият дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3 баробар ва шумораи донишҷӯён 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, беш аз 30 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманди ҷумҳурӣ аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Алҳол дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низоми бисёрзинагии таҳсилот амал карда, азхудкунии фанҳои таълимӣ дар асоси низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, квотаи Президентӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола як қисм хатмкунандагони фаъол тибқи он ба муассисаҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. 
Чанд сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низоми муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ гардидааст, ки имкон медиҳад, хонанда он чиро, ки меомӯзад, дар амал табиқ намояд. Дар ин низоми таълимӣ дар меҳвари дарс хонанда қарор дорад ва метавонад андешаҳояшро озодона баён намояд. 
Дар замони истиқлолият дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпидаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад.  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. Ҳамчунин, барномаҳои гуногун қабул гардиданд, ки ба густариши соҳа мусоидат хоҳанд кард. 
Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият қариб дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ биноҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст.  Дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳа афзоиш ёфт. Музди кормандони соҳа низ зина ба зина зиёд карда шуд. Аз сентябри соли 2018 боз 15 фоиз музди меҳнати кормандони соҳа афзоиш ёфт.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ тамоми шароит барои илмомӯзӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш бошем ва ба рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор  бошем, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳамчун  гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор