Истиқлолу ваҳдат – бақои давлат 

06-09-2021
Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.  Ба ин маънӣ истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи   ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон
 
Дар ҳар давру замон вобаста ба авзои зиндагии халқи тоҷик, фарзандони худшиносу бедораш, мутафаккиронаш, сиёсатшиносу сиёсатдонҳояш, сарварони бебокаш, аҳли илму адабаш аз озодиву истиқлол, ваҳдату сулҳу сафо, худогоҳиву худшиносии миллӣ дар масири таърих сухан гуфта, орзуи давлати воҳид, баҳамоии миллати тоҷик, забону фарҳанги тоҷик, ҳувияти баланди тоҷиконаро мекарданд. Таърих ёд дорад, ки дар дарозои замонҳо давлатҳои зиёди тоҷикӣ ташкил шуданду бо сабабҳои гуногун аз байн рафтанд. Дар ин миён давлати Сомониён бо тамоми шукӯҳу шаҳомат, рукнҳои давлатдорӣ, шохаҳои хокимият, аркони давлат ва тамаддунаш назире дар Осиёи Марказӣ надошт. Ин беҳтарин намунаи давлатдорӣ буд, ки дар давоми як аср идома ёфт. Минбаъд, ҳар давлате, ки таъсис меёфт, такя ба рукнҳои давлатдории он мекард. Баъди сукути Давлати Сомониён мо ҳазор сол давлати мустақил надоштем… Тоҷикон дар тӯли таърих ҳамеша аз истиқлол ва якпорчагиву давлати миллӣ андеша мекарданд. Ҳукумати подшоҳии рус қисми асосии Осиёи Миёнаро забт ва ба худ тобеъ кард. Дар ин давра ҳувияти миллии зиёиёни бедори тоҷик хеле боло рафт. Муносибатҳои бозоргонӣ ва сармоядорӣ, ақидаҳои гуногуни пешрафта, фарҳанги пешрафтаи русу дигар халқҳо, мактабу маорифи тариқи нав вориди Осиёи Миёна гашт. Инқилоби Октябр, ки болшевикони Россия ташкил карданд, бо ғалабаи онҳо анҷом ёфт. Дар тамоми қаламраве, ки онҳо идора мекарданд, сохти Шӯравӣ барқарор гардид. Дар натиҷаи табартақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна мо, тоҷикон, аз марказҳои маданӣ ва фарҳангии худ маҳрум шудем. Дар ҳамин вақт назҳати худшиносӣ ва худогоҳии мо, тоҷикон, бедор шуд. Ба андешаи академик Акбар Турсун, «Миёни мардуми Шӯравӣ назҳати худогоҳию хештаншиносӣ солҳои бист шурӯъ шуд. Аз ҷумла, дар Осиёи Миёна худшиносии миллӣ ва фарҳангӣ, ғолибан, баъди ба истилоҳ, тақсими миллию территориявӣ рӯ ба ташаккул ниҳод». Дар ин табартақсим зимомдорони вақт ба меросбари асосии қаламрави Осиёи Миёна - тоҷикон сараввал вилоят пешниҳод карданд. Зиёиёни худогоҳу худшиноси нимаи аввали солҳои бистум норозигии худро ба рӯзномаҳои вақт навишта, аз қавми бузурги тоҷик, ки макони зисти таърихиаш Осиёи Миёна ва шаҳрҳои калони он буд, ёдовар шуданд. Дар баробари ин, шарқшиносони рус мақолаҳои зиёде навишта, мавҷудияти халқи тоҷикро пуштибонӣ мекарданд. Пас аз кашмакашҳои зиёд Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пойтахти он Душанбе муайян гардид. Худогоҳию хештаншиносӣ вақте рӯйи кор омад, ки ҳудуди миллии Осиёи Миёна бебозгашт тақсим шуда буд… Вале дар ҳамин айём ҳисси миллии сарварон, ҳизбиён, зиёиён, публитсистони тоҷик низ боло гирифт. Хатоҳоро фаҳмиданд, иқрор ва паи ислоҳ шуданд. Барои истиқлол ва таъсиси ҷумҳурии мустақил мубориза бурданд. Мубориза ва талошҳо натиҷа дод. Моҳи марти соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Давлати Шӯравӣ ташкил шуд… Соли 1991 Давлати Шӯравӣ пош хӯрд ва ҷумҳуриҳои Шӯравӣ истиқлолияти комил ба даст оварданд…
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои халқи тоҷик ҳам орзуву омол ва ҳам атои худовандӣ буд, ки садсолаҳо орзуяш мекарданд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле нодир буд. Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари мамлакат пазируфта шуд. Ба хушбахтии мардум ва миллати азияткашидаи тоҷик, шахсе ба арсаи сиёсат омад, ки тамоми ҳастии худро барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, оромиву амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сохторҳои ҳокимият, баэътидол овардани низоми сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҷомеаи демократӣ бахшид. 
Дар ҳамин давра ғояи Истиқлол, Ваҳдат, Сулҳ, Озодӣ ҳамчун мафҳумҳои муқаддас бо хатҳои заррин дар саҳфаҳои таърихи тоҷикон навишта шуд, ки поягузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 
Публитсист ҳамеша ба мавзуъҳои ҳозиразамон рӯ меорад. Қаҳрамонаш дар ҳама соҳа кору фаъолият мекунад, дар назди ҷамъият масъулият дорад.
Публитсистон ва журналистони тоҷик дар инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ҳадафмандона заҳмат мекашанд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, бахусус, матбуот дар инъикоси дастовардҳои истиқлоли миллӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ нақши муҳим дорад. Истиқлоли миллӣ барои мо, тоҷикон, қутбномааст, ки зери парчами он мо зиндагӣ дорем. Маҳз тавассути истиқлоли мо, тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон чун миллати куҳанбунёд, соҳиби таъриху тамаддуни қадима шинохтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд». 
Публитсистону журналистони тоҷик асолати касбии худро дар назди миллат, Ватан ва халқ иҷро мекарданду мекунанд. Паҳлуҳои гуногуни истиқлоли миллиро ҳар фарде, ки ба эҷод машғул аст, ба тасвир кашида, воқеиятро ба он андозае, ки дарк кардааст, инъикос намудаву менамояд. Масалан, шоир Низом Қосим дар мақолаи хеш «Пешвои барҳақ» дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ба миён оварда, хизмати шоиставу заҳматҳои пайвастаи ин абармардро нишон додааст, мавсуф менигорад: «Имрӯз пеши роҳи давлату миллати мо сӯи биниши заминию фаҳмиши замонӣ, ободкории имрӯзу бунёдкории фардо, ифтихори даркори миллию ҳастии сазовори байналмилалӣ, хулоса, ҷониби истиқлоли воқеии давлату иқболи воқеии миллат во мебошад ва ин роҳи во далели дигари муътамаду санади дигари собитест, ки оғозгару таҳкимбахши Сулҳу Ваҳдат - Эмомалӣ Раҳмонро шоиставу боиста ба сифати Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои барҳақи ин миллати созанда ва ин давлати поянда манзуру муаррифӣ мекунанд». 
Очерку лавҳа, мақолаҳои Низом Қосим, Бахтиёр Муртазоев, Назри Яздонӣ, Шералӣ Мусо, Холназар Муҳаббатов, Мансури Суруш, Маҷид Салим, Раҷаб Мардон, Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Гурез Сафар, Абдуқодири Раҳим, Равшани Махсумзод, Адибаи Хуҷандӣ, Атахон Сайфуллоев, Зафар Саидзода, Иброҳим Усмон, Мирзо Шукурзода, Аҳлиддин Ҳисорӣ, Сипеҳри Ҳасанзода, Додохон Эгамзод, Мурод Муродӣ, Масрур Абдуллозода, Ҷамшед Саъдуллоев, Сангин Гулов, Бахтиёр Қутбиддинов, Илҳомҷон Ҳамидиён ва дигарон атрофи ҳамин арзишҳои истиқлоли миллӣ навишта шудаанд.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи хеш «Адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад» ба масъалаи муҳими замон рӯ оварда, дар назди адибон, публитсистон вазифаҳои мушаххас мегузорад. Мақоларо ба 11 қисмат ҷудо намуда, арзишҳои онро муайян карда, адои қарзи касбӣ ва шаҳрвандии онҳоро тақозо дорад. Яке аз қисматҳои он ки бевосита ба эҷод вобастагӣ дораду андешаву афкори моро ифода мекунад: Бо таъкиди мавсуф, «…вазифаи аввалиндараҷаи адабиёти тоҷик ва адибони моро бояд тарғиби суннатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, ташаккули тафаккури миллӣ, зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ташкил дода, муқаддас донистани ҳар пора хоки Тоҷикистон, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи тамоми сокинони пурфайзи саховатпеша мароми ба эътимоди шоирону нависандагон, умуман аҳли эҷод қарор гирад». 
Мақолаи Ато Мирхоҷа «Акнун навбати амал аст», нигоштаи Мансур Суруш «Маърифат зидди ҷаҳолат», Гурез Сафар «Даст ба дасти ҳам диҳем», Адибаи Хуҷандӣ «Ваҳдат - кафили ободии Ватан», Равшани Махсумзод «Рушди соҳаи маориф масъалаи муҳим аст», очерки Маҷид Салим «Роғун - мазҳари нур», Алиризо Раҳмонқулов, «Аз хуб ба хубтар бикушем», Зафар Саидзода «Нақши ахлоқи миллӣ барои имрӯзу фардо» аз дастовардҳо ва пешрафтҳои истиқлол қисса мекунанд. Албатта, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, расидан ба ормонҳои миллӣ, тахким бахшидан ба ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шахси ватандӯст аст. 
Адиб ва публитсист Бахтиёр Муртазоев публитсистикаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро таҳлил карда, нақши публитсистони онро дар инъикоси масъалаҳои муҳими замон муҳим арзёбӣ кардааст. Ӯ қайд мекунад, ки «рисолат ва қарзи касбию шаҳрвандӣ ба эҷоди асарҳои публитсистӣ анҷом меёбад». 
Бояд қайд кард, ки абибону публистони тоҷик адибону публитсистон нақши истиқлолро бо миллат тамоми паҳлуҳояш ба назму наср кашида, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини истиқрори сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлоли миллӣ арзёбӣ карданд. 
 
Муҳаммадюсуф Имомзода, академик
Аъзамҷон Азимов, профессор