Кафили пешравии таълим

18-01-2019
Оила ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад.
Дар ҳама давру замонҳо шахсони тарбиятдида ва бо-одобу ахлоқ қуллаҳои баланди илму маърифатро фатҳ намуда, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат гузоштаанд. Бештари онҳо айнан дар оила зери парастиш ва ҳидояти падару модар ва омӯзгорони закӣ таълим ва тарбия гирифта, шуҳратёр шудаанд. 
Оиларо ибтидо ва дурнамои ҷомеа номидан мумкин аст, ки ба одобу суннатҳои миллӣ арҷгузорӣ намуда, муқаддасоти онро пос медорад ва пояи адаби инсонӣ аз он маншаъ мегирад. 
Даргоҳи дигаре, ки ин муғчаи наврустаро чун ниҳоли пурмева ба воя расонида соҳибхирад мегардонад, мактаб аст. Айнан дар мактаб адаб бо дониш ҳамоҳангӣ ёфта, пояи илму маърифат, сиришти маънавию фитрӣ ва ҳувияти милливу таърихии миллат устувор мегардад. Ба ибораи дигар, агар чароғи равшанидиҳандаи оила падару модар бошад, дурахши нури илму зиё бар дӯши муаллими равшанзамир аст. Он фарзанде, ки аз анвори ҳар ду даргоҳи муқаддас баҳра мебардорад, соҳибхираду соҳибмартаба мегардад. Бузургтарин намояндагони илму адаби мумтози тоҷик адабро дар оила ва илмро аз донишмандони замона азбар кардаанд. Ганҷинаи сухани онҳо дар мавзӯи оила ва тарбияи фарзанд, илму дониш ва мактаб вирди забони оламиён аст. Маънавияти волои халқ айнан бо ёрии оила, ки бо мактабу маориф тавъам аст, поягузорӣ мешавад. 
Омӯзгор нури маърифатест, ки одамиро аз ҷаҳолат ба сӯи дурахшонтарин орзуву ҳавасҳо ва комёбиҳо ҳидоят мекунад, падару модар чароғи равшани ҳар як хонадон буда, фарзандони худро барои ноил гардидан ба орзуву ҳавасҳо тарбия медиҳанд. Ва агар ин ду нури равшанидиҳанда дар таълиму тарбияи фарзандон камар банданд, неруи маърифат дар ҳамҷоягӣ бо неруи адаб Тоҷикистонро ба беҳтарин кишвари дунё табдил медиҳад.
Зебуннисо ФАЙЗУЛЛОЕВА,
корманди ДҶТИБКСМ