Камбудиҳо ҳанӯз зиёданд

29-04-2019
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Раиси шӯро Шаҳло Ашӯриён  таъкид кард, ки дар фаъолияти таҳсилоти муассисаҳои миёнаи касбӣ як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки бартараф кардани онҳо амри зарурист. 
Аз ҷумла, раванди гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот дар  муассисаҳои мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Гузаштан ба тарзи таҳсили кредитии таҳсилот тақозои замон буда, барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонии меҳнат   манфиатовар мебошад. 
Директори коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе Ширин Исматуллозода дар хусуси ба роҳ мондани низоми фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, мушкилот ва ҳалли онҳо (ба таври пилотӣ дар коллеҷи мазкур) суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки гузаштан ба низоми фосилавии таълим  ҳанӯз дар суханронии  Раҳбари давлат  30 августи соли 2017 бахшида ба шурӯи соли нави таҳсил дар ДДТ ба номи академик М. С. Осимӣ   хотиррасон гардида буд. Ҳамчунин, ин масъала дар Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои солҳои 2013 – 2017» низ таъкид шудааст. Барои мақсаднок ташкил кардани низоми таҳсилоти фосилавӣ   базаи мустаҳками моддӣ – техникӣ низ зарур аст, - гуфт Ш.Исматуллозода.
Оид ба масъалаи такмили ихтисос, мушкилот ва дурнамои он директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Арафамоҳи Даминзода маълумот дод. Ӯ гуфт, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос талаби замон буда, малакаю донишро афзуда, ба саривақт ва босифат азхуд кардани барномаҳои таълимӣ аз тарафи хонандагон мусоидат намуда, ташкили курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи нақша болоравии дониши шогирдонро муайян менамояд. 
Корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шодиев доир ба баъзе паҳлуҳои ворид  шудани  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба шакли низоми тестӣ изҳори ақида намуд. Номбурда иттилоъ дод, ки соли таҳсили 2017 – 2018  47 ва    соли таҳсили 2018 – 2019 бошад,  боз 16 муассисаи таҳсилоти  миёнаи касбӣ ба ММТ қабул гардиданд.    Дар баробари ин, вай   изҳори нигаронӣ  намуд, ки мутаассифона, то имрӯз як қатор  муассисаҳои дигари таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳатто ба бахши иттилоотии ММТ ворид нагардидаанд. 
Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимхон Вализода оид ба суст  ҷараён гирифтани таълими забонҳои русиву англисӣ изҳори ташвиш намуд. Вай гуфт, танҳо дар панҷ соли охир ҳамагӣ 10 фоизи омӯзгорони ин фанҳо аз такмили ихтисос гузаштаанду халос. Ӯ сатҳу сифати донишро дар ин самт ғайриқаноатбахш маънидод кард.       
Нақшаи кори Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои соли 2019 ва фаъолияти кори Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муҳокима ва тасдиқ гардид. 
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода  иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф оид ба боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳаракати олимпӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши мукаммали забони русӣ ва англисӣ ва дар ин замина амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ сухан ронд.  
Ҳотами Ҳомид