Кӯдаконро ба чашми кам мабинед

30-04-2018
Масъалаи таълиму тарбия аз муҳимтарин масоили маорифу мактаб дар ҷомеа ба шумор рафта, тарбияи кӯдак дар асоси барномаи мактабӣ роҳандозӣ мегардад.
Тарбия ва таълими ибтидоӣ дар ҳаёти кӯдакони мактабхон нақши бунёдӣ дорад. Дар ниҳояти содагӣ баён кардани мавзӯъҳо ва бо мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ исбот намудани ҳар иддао барои кӯдакон хеле зарур аст. Чун ҳар чизе, ки кӯдак мебинад, ба он бовар дорад ва онро қабул мекунад. Аз ин хотир, маводи таълимии китоби дарсиро бояд тавре баён ва таҳлил намоем, ки хонанда шурӯъ аз синфи V мустақилона ба масъалаҳои марбут ба он сарфаҳм равад. Кӯдакон метавонанд дар баъзе лаҳзаҳо душвортарин саволҳоеро ба миён гузоранд, ки омӯзгор агар соҳибтаҷриба набошад, аз қонеъ гардонидани он оҷиз мемонад. Муносибат бо кӯдак дар дохили синф, саҳни мактаб ва берун аз онро набояд сарфи назар кард. Омӯзгор бояд дар мадди аввал методи мушоҳидаро моҳирона дар таълими кӯдак ба кор барад, чунки кӯдакон кунҷкову мушоҳидакор ва зираканд. Хотираҳои онҳо саршори олами ҳайратангез ва саволҳои пайдарпай аст ва дар зеҳни онҳо наметавонад ба монанди калонсолон батадриҷ посухе барои пурсишашон ҳосил гардад. Ба назар нагирифтани ин ҷиҳати таълим зеҳни кӯдаконро мамлу аз маълумоти рӯзмарраву такрорӣ мегардонад. Омӯзгорро зарур аст, ки мушоҳидакортар аз хонанда бошад.
Методи пурсиш, ки яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаҳост, бояд зиёд истифода шавад. Омӯзгор метавонад дар ҳар мисоли овардааш аз хонанда (кӯдак) суол кунад, ки ӯ то куҷо ин ё он мафҳуму ҳодисаро дар зеҳн дорад. 
Бояд қайд кард, ки омӯзгор дар баробари ба шакли идеал зуҳур карданаш дар хотираи кӯдак метавонад садҳо ниятҳои нек ва амалҳои хайрро ҷойгир кунад.
Арафамо МАҚСУДОВА, 
омӯзгори мактаби №52-и
шаҳри Душанбе