КИТОБХОНӢ БОЯД ОММАВӢ ШАВАД

21-06-2024
Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати маорифи вилоят муҳтарам Зиёдулло Абдулзода дар шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодааст.
Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор шуд. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи маориф ва дигар кормандони соҳаи маориф, директори марказҳои зертобеъи соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раисони кумитаи падару модарон иштирок карданд.
Сардори раёсати маориф муҳтарам Зиёдулло Абдулзода дар қисмати аввали баромади худ вазъи соҳаи маорифро дар ноҳияи Ҷайҳун мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дод. Сипас, вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои лаёқатманди омӯзгорӣ, омодагӣ барои иштирок дар озмун барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ, тайёрӣ ба соли нави таҳсил, ҷамъбасти босифати аттестатсияи хонандагон, иштироки хатмкунандагон дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ ва давраи дуюми бақайдгирӣ, фаъолсозии маҳфилҳои беруназсинфӣ, ҷалби бештари наврасон ба маҳфилҳои Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, фарогирии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои фаннӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ изҳори назар намуд.
Сардори раёсати маориф оид ба ҷалби бештари кӯдакону наврасон ва калонсолон ба мутолиаи китоб ва ташкил кардани рӯзҳои шанбе "Мутолиаи асарҳои бадеӣ" таъкид карда, илова намуд,ки номгӯйи китобҳои бадеии тавсиявӣ ба ҳамаи шуъбаву бахшҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидааст.