КИТОБИ ДАРСӢ БОЯД МУКАММАЛ БОШАД

02-07-2020
   То охири асри XX дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсии ватанӣ аз математика вуҷуд надоштанд. Солҳои аввали истиқлолият омӯзгорон аз китобҳои ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи муаллифони аҳди Шӯравӣ истифода мебурданд. Таълиф ва нашри китобҳои дарсии ватанӣ аз соли 2000-ум ибтидо гирифтааст.
   Дар ин муддат барои синфҳои 7-11 китобҳои зерин нашр шуданд:
1.А.Шарифода, Б.Алиев, Алгебра.с.7.-Душанбе-2002; 2.Б.Алиев. Алгебра.с.8.- Душанбе-2005; 2009; 3.Р.Пиров, Н.Усмонов. Алгебра.с.9.-Душанбе-2005; 2009; 4.И.Ғуло-мов ва дигарон. Алгебра ва ибтидои анализ.с.10.-Душанбе-2005; 5.Р.Пиров, Н.Усмонов. Алгебра ва ибтидои анализ.с.10.-Душанбе-2005; 6.Б.Алиев. Алгебра ва ибтидои анализ.с.11.-Душанбе-2006; 7.Ҷ.Шарифов, У.Бурҳонов. Геометрия.с.7-9- Душанбе-2000; 8. Б.Алиев. Геометрия.с.10.-Душанбе-2006 ва 9. Б.Алиев. Геометрия.с. 11.-Душанбе-2006.
   Таҳлили китобҳои дарсӣ маълум намуд, ки донишҳои солҳои дуру дароз пойдормонда бо ин ё он дараҷаи пуррагӣ дар онҳо шомил гаштаанд. Азбаски донишҳои назариявӣ ба  воситаи машқҳою масъалаҳо ифода меёбанд, бинобар ин, ба мазмуни онҳо таваҷҷуҳ менамоем. Масалан, дар китоби 1. (дорои 1217 рақами тартибӣ ва 3273 мисолу масъала) барои  осон дарк намудани маводи назариявӣ аз тарафи хонандагон бештар машқҳои тайёркунанда ворид шудаанд. Дар ҳамаи 15 параграфи он шумораи умумӣ ба 128 адад мерасад; аз онҳо тақрибан 22-тоаш ба география, 53 ба иқтисодиёт ва 23 ба қаиқу заврақ вобаста мебошанд. Муқоисаи  он ба китобҳои дарсии Ю,Н.Макаричев ва дигарон Алгебра.с.7.(Душанбе-1991; дар тарҷумаи Ш.Нуриддин) нишон медиҳад, ки онҳо бо ҳам мувофиқанд. Миқдори бобҳо ва мавзӯъҳои таълимӣ ҳеҷ фарқе надоранд, ки ин баҷо овардани одатҳои пештараи расмиятпарастиро ифода мекунад.
   Дар 14 параграфи китоби 2. (бо 3855 машқ) аз 108 машқ 17-то ба иқтисодиёт ва 15-тои дигар ба нақлиёти боркашонӣ ва дар 13 китоби дарсӣ параграфи 3.(бо 680 рақами тартибӣ ва 2398 мисолу масъала) низ аз 108 машқ 7-то ба иқтисодиёт ва 6-то ба заврақу қатора вобаста мебошанд.
   Таҳқиқи китобҳои дарсии  алгебра (с.7-9) маълум намуд, ки дар аксарияташон машқҳо доир ба аз нав бахотироварӣ ва азхудкунии  назария, ки дар адабиёти методӣ онҳоро машқҳои репродуктивӣ (лот: аз нав ҳосил кардан) ном мебаранд, хеле кам ё тасодуфӣ дучор меоянд. Бо ҳамин назардошт истифодаи ба мақсад мувофиқи машқҳо коркарди машқҳои репродуктивӣ ва намунаи иҷроиши машқҳо дар китоби дарсии алгебра масъалаи басо муҳим аст.
   Дар китобҳои дарсии имрӯза машқҳое, ки дар онҳо функсияҳои  инкишофдиҳандагӣ (муқоисакунӣ, муайян намудани хосиятҳо, хулосабарорӣ аз  рӯи аналогия ва ғ.) нисбат ба машқҳои ҳисоббарорӣ бартарӣ доранд, то ҳанӯз мавқеи муносибро ишғол накардаанд. Аз ин рӯ, ба машқҳои инкишофдиҳандагӣ бояд бештар афзалият дода шавад, зеро онҳо ба инкишофи тафаккури хонанда мусоидат хоҳанд кард.
   Ба гуфтаи математики намоёни англис Як Стюарт, «...математика бо ҳамон андозае ба ҳастии хеш сазовор мешавад, ки ҳамон қадар татбиқшаванда бошад». Дар тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатии хонандагон ва дар онҳо парваридани ҳисси муҳаббат ба халқ ва Ватани хеш танҳо бо ёрии мазмуни баланди масъалаҳо ба натиҷаҳои мақбул ноил шудан мумкин аст. Пурсида мешавад, ки кадом китобҳои дарсии ватанӣ то андозае маданияти миллӣ ва ин пешравиҳоро инъикос намудаанд? Ҳеҷ кадомашон! Дар онҳо роҷеъ ба комёбиҳои имрӯзу фардои кишварамон мазмуни ҷолиб ба чашм намерасад, ки ин ҳолат ҷои таассуф аст.
   Дар аксари китобҳои дарсии алгебра дар охири ҳар як боб аз эҷодиёти классикони форсу тоҷик ва намояндагони дигар миллатҳо материалҳои таърихӣ ворид шудаанд, ки ин боиси инкишофи тафаккури таърихии хонандагон мегардад.
   Акнун чанд андеша доир ба китоби дарсии геометрия. Таҳлилро аз рӯи ду масъала (мувофиқи нашри беш аз нимасраи китобҳо) дида баромадем:
1)      Оё дар онҳо назарияҳои нави математикӣ инъикос ёфтаанд?
2) Дар мазмуни масъалаҳо то кадом дараҷа тараққиёти саноат, маданият, сохтмонҳои азим, технологияи замони соҳибистиқлолии ҶТ акс ёфтаанд?
 Таҳлил нишон дод, ки донишҳои асосбунёди назариявӣ ба ин ё он дараҷаи зарурӣ дар мазмуни масъалаҳо ифода ёфтаанд, аммо роҷеъ ба истифодабарии онҳо дар техника, биносозӣ, роҳсозӣ ва ғайра хеле кам эътибор додаанд.
  Барои муқоиса. Муаллифон В.А. Гусев ва дигарон («Геометрия», с.7.(М-1981) дар сохтани  курс аз элементҳои мантиқ ва аз мафҳуми дар математика васеъ тадбиқшаванда- муносибати эквивалентӣ фоида бурдаанд. И.Ф.Шаригин. Геометрия. с.7-9. (М.2009) аз баҳри аксиоматикӣ сохтани курс гузашта, онро ба таври аёнӣ-эмперикӣ сохтааст. Дар охири курс (синфи 9) аз мафҳуми табдилдиҳӣ истифода намудааст. Аз 752 мисолу масъалаи тамоми курс 3,03%-и онро мазмуни масъалаҳои амалидошта ташкил медиҳад.
  Китоби дарсии Ҷ.Шарифов, У.Бурҳонов, Геометрия. с.7-9 (Душанбе -2000) аввалин китоби  ватанӣ буда, аз рӯи амалӣ намудани нишондодҳои босамари методӣ (ба вижа, диктантҳо аз рӯи расмҳо, масъалаҳои тадқиқотӣ) нуфузи баланд пайдо кардааст. Коркардҳои методии муаллифон басо аҳамиятноканд, зеро имрӯз дар таълими геометрия як навъ беэътиноӣ ба назар мерасад. Миқдори масъалаҳои китоб 754 (бо истиснои супоришҳо) ададро ташкил медиҳад. Аммо дар мазмуни онҳо пешравиҳои имрӯзаи ҷумҳурӣ инъикос наёфтаанд. Китобҳои дарсии Б.Алиев. Геометрия с.10. ва Б.Алиев. Геометрия с.11. (Душанбе-2006), бо методи аксиоматикӣ дар шакли анъанавӣ тартиб дода шуда, дар якуми онҳо аз 267 масъала-0,7% ва дар дуюм бошад, аз 330 масъала – 6,6% мазмуни амалӣ доранд.  Комёбиҳои ҶТ дар онҳо ворид нагаштаанд. Ин китоби дарсӣ дар муқоиса бо китоби Н.Рибкин.-Маҷмӯи масъалаҳо аз геометрия. Қ.2. Стреометрия. Барои синфҳои 9-10-и мактаби миёна.-Сталинобод-1961, ки 45 сол қабл нашр шуда, аз 680 масъала 9,1%-и он татбиқи амалӣ доранд, дар ин бобат хеле дур мондааст. Магар ин «самараи қафомонии истифодабарӣ» нест?!
  Талаботи асосии ислоҳоти соҳаи маориф-сифатан дараҷаи нави маълумот мебошад. Сифатан нав, то ки ба гузашта монанд набошад.
  Барои ҳавасманд намудани хонандагон китоби дарсӣ бояд масъалаҳои дар шакли назм ва ҳазл эҷодкардаи математикони намоёнро дар бар гиранд, зеро онҳо барои шахс сифатҳои арзишнок (ҳисси нав, тасаввур, бодиққатӣ ва ғ.)-ро парвариш менамоянд.
  Бесабаб нест, ки масалан, П.А.Ларичев дар («Маҷмӯаи масъалаҳо аз алгебра. Қ.2. Барои синфҳои 8-10 мактаби миёна».-Сталинобод-1961) масъалаҳои шавқовари деринаро аз эҷодиёти математикони Ҳинд (асри XII), Рус (асри XII) ва дигарон ворид намуда буд. Ғайр аз ин,  дар он масъалаҳо ба тадқиқи муодилаҳои квадратӣ оварда шудааст, ки дар китоби дарсии муосир дида намешавад. Ин гуна масъалаҳо дар китоби дарсӣ бояд мавқеи баланд дошта бошанд!
  Имрӯз барои хониши беруназсинфии хонандангон омода намудани хрестоматия ва ё баёзи математикӣ зарур аст (ин амал дар мактабҳои олӣ ва миёнаи Украинаю Россия кайҳо ҷорист), то ки дар онҳо порчаҳо аз асарҳои математикони форсу тоҷик ворид карда шаванд. Тайёр кардани маҷмӯаи мукаммали махсус доир ба корҳои контролӣ (барои муаллимони синфҳои V-VIII IX-XI) талаботи рӯз аст. Маҷмӯаи машқҳо кори муаллимонро бо китобҳои дарсӣ сабук мегардонад. Бо ҳамин принсип китоби дарсии муаллифони рус (масалан, А.Г.Мордкович дигарон  Алгебра с.7.Задачник.-М-2000 А.Г.Мордкович. Алгебра с. 7. Учебник.-М-2000 ва ғ.) интишор шудаанд. Ба ёрии муаллимон дастурҳо  ва материалҳои дидактикӣ омода намудан шарт ва зарур аст. Дар аҳди шӯравӣ ин гуна материалҳои ёрирасон хеле зиёд чоп мешуданд. Бунёди мазмуни маълумоти фанҳои табиатшиносӣ ва риёзиро донишҳои илмӣ ташкил медиҳанд.
   Шартҳои дидактикии бардавомии китобҳои дарсӣ ин аст:
1.Бардавомии донишҳои илмӣ. Муқаррар гардидааст, ки вақти байни кашфи назария ва инъикоси он 50-70 - солро ташкил медиҳад.
2.Олимон маълум намудаанд, ки бардавомии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ (аз рӯи воҳиди дидактикӣ-назария) то 25 сол буда метавонад.
   Тавассути инъикоси тамоили инкишофи донишҳои илмӣ дар таълим, тарзи нави фаъолияти тафаккурро аз рӯи китобҳои дарсӣ, ки чанд сол пеш навишта шудаанд, ташаккул додан мумкин аст. Пас,  ҳамчун талаботи асосӣ ба китоби дарсӣ ин тамоилро ба эътибор гирифтан ин аст. Мисол меорем.
1). Таҳкурсии китоби “Математика. Синфҳои 4-5” (М-1971)-и мактабҳои муосири Англияро мафҳумҳои маҷмӯъ, матритса, алгебраи Бул, векторҳо, элементҳои мантиқи математика ва ғ.ташкил медиҳанд, ки дар асоси онҳо назарияҳои математикаи муосир инкишоф меёбанд.
2) Муаллифи китоби дарсии “Алгебра 7 “ (с.2000)-и мактабҳои Россия А.Г.Мордкович ба сифати асосниҳоди мазмуни таълими фан ду мафҳуми бунёдии математикаи муосир: забони математикӣ ва модели математикиро интихоб намудааст. Китоби дарсии алгебраи синфҳои 9 ва 10 низ дар ҳамин асос таълиф ёфтаанд.
   Дар китобҳои дарсии алгебра ва геометрияи мактабҳои ҶТ ин тамоилҳо ба назар намерасанд. Кайҳо вақти он расидааст, ки ба ин ҳолат ба чашми эътибор нигарем.
Ислом Ғуломов,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
устоди ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ