КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БА СОКИНОНИ ДАРВОЗ ҲАМ ТАҚДИМ ГАРДИД

21-12-2020
   Тавре иттилоъ дода будем, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад. Дар ҳамин замина, аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илми кишвар тақдими ин шоҳасар ба сокинони ВМКБ идома дорад.
   20-уми декабри соли ҷорӣ дар баробари сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба ҳар хонаводаи ноҳияи Дарвоз ҳам китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид.
Дар расми ин тақдимнамоӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ширкат намуданд.
   Бояд қайд кард, ки Нуралӣ Собирзода шахсан ба манзилҳои истиқоматии як қатор собиқадорони соҳаҳои фаъолият ва сокинони ноҳия, аз ҷумла Қаноатов Исроил-собиқадори соҳаи тандурустӣ,  Ҳайдаршо Акбаров-собиқадори меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, Амиршо Маҳрамов-собиқадори меҳнат, профессор ва Сурайё Шоева-сокини ҷамоати деҳоти “Қалъаихумб” ташриф оварда, туҳфаи Пешвои миллатро ба онҳо тақдим намуд.
   Ҳамчунин, бо мардуми ноҳия вобаста ба истифодаи босамари заминҳои наздиҳалигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангпарварӣ, ободкориву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат анҷом пазируфт.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон