КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ №14 БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА

04-01-2024
Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ намуданд.
Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст, воқеъ дар деҳаи Панҷосиёб бунёд гардидааст.
Тибқи маълумот фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонки исломии Рушд ба маблағи умумии 5 миллиону 614 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. 
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 2,0 гектарро ташкил медиҳад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” таҳия гардида, пудратчии он ҶДММ “Махсус” мебошад. 
Ҳоло дар муассисаи мазкур 847 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 52 нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд.
Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз онҳо хониши аъло ва таълиму тарбияи босифатро талаб намуданд. 
Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбия саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон