КОЛЛЕҶИ ТЕХНИКИИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.ОСИМӢ БО КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ РЯЗАН СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСОНИДАНД

18-07-2018
18 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишнома байни  Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  ва Муассисаи давлатии буҷавии таълимӣ-касбии Коллеҷи политехникии Рязан оид ба омодасозии мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ И.Камолзода, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳ. Вализода, муовини директор оид ба таълими Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Рустам Холматов, сардори раёсати Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Рязан Лошинин Александр Евгеневич,  ҳамоҳангсози барномаи «Росссотрудничества» Биховский Никита Валеревич, муовини директор оид ба таълимӣ-истеҳсолӣ Коллеҷи политехникии Рязан Манцев Владимир Владимирович ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат варзиданд.
Лошинин Александр Евгеневич - сардори раёсати Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Рязан зимни суҳбат қайд намуд, ки муассисаҳои таълимии вилояти Рязан дар самти  маориф мутахассисони хуб омода месозанд ва шарту шароити таҳсил дар он муассисаҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи суҳбат Манцев Владимир Владимирович - муовини директор оид ба таълимӣ-истеҳсолӣ Коллеҷи политехникии Рязан вобаста ба шароити таҳсил дар коллеҷи мазкур андешаронӣ карда, тавассути наворҳо дастовардҳои муассисаро муаррифӣ намуд.
Дар охир маросими баимзорасии созишнома байни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  ва Муассисаи давлатии буҷавии таълимӣ-касбии Коллеҷи политехникии Рязан оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодасозии мутахассисон, табодули таҷриба, такмили ихтисос, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ширкат дар иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳои минтақавӣ ва грантҳои байналхалқӣ баргузор гардид.
Нафиса Муминова- мутахассиси
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм